Мукаррама Қаюмова: Либоси миллӣ шиносномаи миллат аст

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бахшида ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» нишасти илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Наврӯз таҷассумгари ҳунарҳои миллӣ» баргузор гардид. Дар нишаст зиёда аз 60 нафар олимону муҳаққиқон ва мутахассисону рўзноманигорон иштирок намуданд.
Маҳз таваҷҷуҳи пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва мардумӣ буд, ки таи солҳои охир мардум ба пӯшидани либосҳои миллии таърихӣ, ҳамчунин тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, хусусан истеҳсоли матои атлас ва адраси тоҷик, баргузории силсилаи чорабиниҳои гуногун, ба мисли «Чакомаи гесӯ», «Хандаи ҳусн - ҷилваи чакан», «Атлас ва адраси 2015», «Хандаи ҳусн» ва ғайраҳо намоиши ҳунари волои косибону тарроҳони тоҷик ва тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ маҳсуб ёфта, ҳадафи аслӣ роҳандозӣ намудани либоси миллӣ, тақвияти сифати тоза бахшидан ба анвои гуногуни матоъҳои миллӣ, аз қабили атласу шоҳӣ ороишу санъати чакандӯзию алочабофӣ, гулбасту адрасбофӣ ва дигар намунаҳои либосҳои миллист.
Қобили зикр аст, ки баргузории чунин намоишу мулоқотҳо на танҳо инъикоси ороиши либосҳои занонаву мардона, балки бедор намудани ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби занону духтарони хонашин ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ, ба насли оянда мерос гузоштани ҳунарҳои аҷдодӣ ва муаррифии ҳунари воло ва истеъдоди занону бонувони тоҷик аст.
Нишастро бо сухани ифтитоҳӣ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Сайфиддин Назарзода оғоз намуда, иброз намуд, ки Наврӯз бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни умумимиллӣ буда, пайвандгари наслҳои дирӯзу имрӯзу фардо ва баёнгари фарҳангу суннатҳои миллии тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Наврӯзи мо маҳз тавассути кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хусусияти байналмилалиро касб намуд.
Дар нишаст намояндагон аз Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва  мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии Тоҷикистон ба номи Мирзораҳмат Олимов», воситаҳои ахбори омма ва кормандони Китобхонаи миллӣ ширкат намуданд.
 Сипас, раиси Бунёди байналмилалии косибони Тоҷикистон - «Ҳафт пайкар» ва Ассотсиатсияи косибони Осиёи Марказӣ Мукаррама Қаюмова дар мавзӯи «Либоси миллӣ - шиносномаи миллат»  суханронӣ намуда, иброз дошт, ки  бояд ба либос ҳамчуни инсон муносибат кард. Мукаррама Қаюмова ҳамчунин аз таърихи либосҳои миллӣ асрор ва рамзҳои нақшу нигори он ба ҳозирин маълумоти муфассал дод.
Зани тоҷикро дар тамоми кишвари олам маҳз тавассути либосҳои миллӣ - атласу чакан, тоқиву рӯймол, ҷома ва дигар либосҳои миллӣ мешиносанд, ки ин онҳо дар худ беҳтарин рамзҳои зиндагии аҷдоди барӯманди моро ғунҷоиш додаанд.
Мо дар асри XXI, замони пешрафти илму техника ва ҷаҳонишавии тамаддунҳову давлатҳо умр ба сар мебарем, ки вобаста ба давру замон завқи либоспӯшӣ ва либоси худи инсонҳо низ тағйир меёбад, вале сарфи назар аз ин, мо набояд фаромӯш кунем, ки либоси миллӣ ҳамчун як ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ боқӣ мемонад.