Activities calendar

20 марти 2016

Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ


Силсилачорабиниҳои Китобхонаи миллӣ дар муносибати Наврӯзи байналмилалӣ.
Гузориши тасвирӣ аз ҷараёни таҷлили Наврӯз дар Китобхонаи миллӣ. Расмҳо гӯяндаи муҳтавои ин силсилачорабиниҳоянд.

Ширкати донишмандони 15 кишвари олам дар Симпозиуми байналмилалии Наврӯз

Симпозиуми илмии байналмилалӣ бахшида ба Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки имрӯз дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд, суннатҳои ҷомеасозиву инсонсозии ин оини ниёконро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар ин Симпозиум  донишмандону муҳаққиқони 15 кишвари ҷаҳон иштирок ва суханронӣ намуда, нақши Наврӯзи ҷаҳониро дар таҳкими ҳамзистии осоишта, дӯстиву рафоқат, ваҳдат ва дигар арзишҳои бузурги инсонӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Пешвои миллат: “Наврӯз ҷашни инсони некманиш ва таҳаммулгарост...”

Дар остонаи ҷашни Наврӯз руҷуъе доштем ба чанд суханронии ахири Пешвои миллат, Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таърих ва суннатҳои аҷдодии Наврӯзи оламафрӯз.
Ва ин чанд сатри мухтасарро баргузидем, ки ҳам ҳикматомезанду пандомӯз ва ҳам дархӯри ҳар давру замон. Суханҳое, ки куҳнагӣ надоранд: чӣ имрӯз бихонӣ ва чӣ сад сол баъд.