Эй Подшаҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ,
Дил бе Ту ба ҷон омад, вақт аст, ки бозоӣ.
Доим гули ин бӯстон шодоб намемонад,
Дарёб заъифонро дар вақти тавоноӣ.
Дишаб гилаи зулфаш бо бод ҳамекардам,
Гуфто: “Ғалате, бигзар з-ин фикрати савдоӣ”.
Доктор Аҳмад Абдуҳ Таробик - нависанда ва пажӯҳишгари мисрӣ дар ҳошияи конфронси байналмилалие, ки онро Донишгоҳи давлатии Хуҷанд рӯзҳои 28-29-уми октябри соли 2016 ба гиромидошти абаршоир Хоҷа Камоли Хуҷандӣ бо ширкати ҷамъе аз донишмандон ва пажӯҳишгарон аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Миср баргузор намуд, мақолае таҳти унвони «Таърихи муштарак байни арабу тоҷик» навишт, ки он дар яке аз рӯзномаҳои мисрӣ
Шоири Халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ бо дипломи «Diploma di Merito» ва медали Аврупо дар соли 2016 қадрдонӣ шудааст.
Дар ин бора Ато Мирхоҷа, Муовини Райиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз тариқи саҳифаи худ дар Фейсбук хабар дод.
Ато Мирхоҷа навишт: “Бо қарори Палатаи Аврупо (Evrochambres.org) аз 17 майи соли 2016 Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ бо дипломи «Diploma di Merito» ва медали Аврупо дар соли
Аввалин бонуи академик Хуршеда Отахонова, донишманди шинохта ва яке аз пуркортарин олимони кишвар субҳи имрӯз дар синни 84-солагӣ тарки олам кард.
Академик Хуршеда Отахонова зодаи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд буда, 2 –юми сентябри соли 1932 дида ба олам кушодааст. То синфи шашум дар мактаби миёнаи ба номи Горкии шаҳри Истаравшан таҳсил крадааст. Баъдан хонаводаи онҳо ба шаҳри Душанбе кӯчидааст.
Падараш Отахон Мўсохоҷаев, соли таваллудаш соли 1901, то соли 1937 дар идораҳои давлатӣ ва советӣ кор мекард. Соли 1937 аз тарафи Коммиссариати халқии корҳои дохилӣ (НКВД) ба муддати даҳ сол ба ҳабс маҳкум карда шуд...