Тафреҳ: Як ғазали нағз аз хоҷаи Шероз
Нашр шуд 2017-01-04 12:52
Эй Подшаҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ,
Дил бе Ту ба ҷон омад, вақт аст, ки бозоӣ.
Доим гули ин бӯстон шодоб намемонад,
Дарёб заъифонро дар вақти тавоноӣ.
Дишаб гилаи зулфаш бо бод ҳамекардам,
Гуфто: “Ғалате, бигзар з-ин фикрати савдоӣ”.
Сад боди сабо имшаб, бо силсила мерақсанд,
Ин аст ҳариф, эй дил, то бод напаймоӣ.
Муштоқиву маҳҷурӣ дур аз ту чунонам кард,
К-аз даст нахоҳад шуд поёби шикебоӣ.
Ё Раб, ба кӣ бояд гуфт ин нукта, ки дар олам,
Рухсора ба кас нанмуд он шоҳиди ҳарҷойӣ.
Соқӣ, чамани гулро бе рӯйи ту ранге нест,
Шамшод хиромон кун, то бод биёроӣ.
Эй дарди Туам дармон, дар бистари нокомӣ,
В-эй ёди Туам мӯнис, дар гӯшаи танҳоӣ.
Дар доираи қистмат мо нуктаи паргорем,
Лутф он чӣ Ту андешӣ, ҳукм он ки Ту фармоӣ.
Фикри худу ройи худ, дар олами риндӣ нест,
Куфр аст дар ин мазҳаб, худбинив худроӣ.
З-ин доираи мино хунинҷигарам, май деҳ,
То ҳал кунам ин мушкил дар соғари миноӣ.
Ҳофиз, шаби ҳиҷрон шуд, бӯйи хуши васл омад,
Шодит муборак бод, эй ошиқи савдоӣ.
Поёб- истодагарӣ, сабр тоқат