Таърихи муштарак байни арабу тоҷик
Доктор Аҳмад Абдуҳ Таробик - нависанда ва пажӯҳишгари мисрӣ дар ҳошияи конфронси байналмилалие, ки онро Донишгоҳи давлатии Хуҷанд рӯзҳои 28-29-уми октябри соли 2016 ба гиромидошти абаршоир Хоҷа Камоли Хуҷандӣ бо ширкати ҷамъе аз донишмандон ва пажӯҳишгарон аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Миср баргузор намуд, мақолае таҳти унвони «Таърихи муштарак байни арабу тоҷик» навишт, ки он дар яке аз рӯзномаҳои мисрӣ интишор ёфт.
Асли мақолаи мазкурро метавон дар торнамои рӯзномаи «ал-Васила нюз» мутолиа намуд.
Тарҷумаи тоҷикии мақоларо имрӯз сомонаи “Ховар” чоп кардааст, ки инак онро айнан меорем.
Таърихи муштарак байни арабу тоҷик
Аҳмад Абдуҳ Таробик
Мероси адабӣ, фарҳангӣ ва фикрӣ дар Тоҷикистон саршор аз ганҷинаҳои нафисест, ки онро адибон, шоирон ва мутафаккирони бузург гузоштаанд. Ҳарчанд аз он мероси адабӣ бахши андаке ба мо дар ҷаҳони арабӣ расидааст, мутахассисони адаби форсӣ хуб медонанд, ки мероси гузоштаи шоирон ва адибони тоҷик баёнгари мартабаест, ки ба он адибон дар марҳилаҳои замоние, ки пур аз рақобатҳои бузург дар ин арса буд, расидаанд. Робитаҳо байни тоҷикон ва арабҳо ҳамеша буданд ва дар бисёре аз арсаҳо, пеш аз ҳама, дар заминаҳои адабӣ, фикрӣ ва илмӣ, ба андозаи зиёд матин буданд.
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар таърихи 28-29 октябри 2016 конфронси байналмилалиеро, ки ба шоир Камоли Хуҷандӣ ихтисос дошт, баргузор намуд. Дар он донишмандон ва пажӯҳишгарон аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Миср иштирок карданд. Шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои таърихии бостонӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз он шаҳр шумори зиёде аз олимон ва адибон бархостаанд. Шаҳри кунунӣ дар мавқеи шаҳри бостоние ҷойгир аст, ки дар соли 329 пеш аз мелод ба тасарруфи Искандари Мақдунӣ даромада буд. Ӯ ин шаҳрро Искандарияи Ақсо (Александрия Эсхата) номгузорӣ кард. Ағлаби назарҳо ба он ишора мекунанд, ки решаи номи шаҳр аз ду вожа «хура» ва «канта», ки дар якҷоягӣ маънои «шаҳри хуршедӣ»-ро доранд, маъхуз аст.
Шаҳри имрӯзаи Хуҷанд пойтахти вилояти Суғд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар канори Сайҳун дар маконе, ки он рӯд аз водии Фарғона мебарояд, воқеъ аст. Хуҷанд яке аз шаҳрҳои муҳим дар Фарорӯд ба ҳисоб мерафт. Ҳангоме ки Қутайба ибни Муслим кишвари Мовароуннаҳро фатҳ намуд, сокинони Фарғона Хуҷандро ҳамчун хатти дифоии якуми худ ба кор бурданд. Шаҳри Хуҷанд дар даврони шӯравӣ аз соли 1936 то соли 1992 Ленинобод ном дошт.
Шаҳри Хуҷанд барои ҷаҳони арабӣ ғариб набуд. Зикри он шаҳр дар бисёре аз китобҳои ҷуғрофидонон ва ҷаҳонгардони араб бо номи Хуҷанда омадааст. Ёқути Ҳамавӣ мегӯяд: «Хуҷанда ба замми якумаш, фатҳи дувумаш, нун ва сипас доли муҳмала, шаҳрест машҳур ба Мовароуннаҳр бар соҳили Сайҳун ва байни он ва Самарқанд ба машриқ даҳрӯза роҳ аст ва аз шаҳрҳои назифу пок ва пурмеваи Мовароуннаҳр аст ва чун он шаҳр ба назофат дар он ҷо нест. Аз миёнаи Хуҷанда наҳре мегузарад ва муттасил ба он низ кӯҳе бошад». Ва Истахрӣ дар «ал-Масолик ва-л-мамолик» гӯяд: «Хуҷанда дар ҳамсоягии Фарғона қарор дорад ва бо он ки омиле муҷаззост, вале мо онро ҷузви Фарғона овардаем. Он дар ғарби рӯди Шош воқеъ аст ва ҳамааш манзилу боғ аст. Ғайри Канд онро омиле нест ва боғҳо ва манозили он низ бисёр бузург ва васеанд. Он шаҳри поку покиза мебошад ва дар он меваҳое ба бор меоянд, ки бар меваҳои навоҳии дигар фазилат доранд. Мардумаш бисёр зебо ва мардонаанд. Киштиҳо дар наҳри Шош ба ҳаракат дармеоянд ва Шош наҳри бисёр бузурге аст, ки аз наҳрҳои бисёре ташкил меёбад ва аз ҳудуди турк ва ислом меояд».
Дар шаҳри Хуҷанд олимон ва адибони зиёде ба дунё омадаанд ва зистаанд. Аз ҷумлаи онҳо фалакшинос Абу Маҳмуди Хуҷандӣ, Умар ибни Муҳаммад ибни Умари Хуҷандӣ маъруф ба Ҷалолиддини Хуҷандӣ, ки дар солҳои 1232-1292 зиндагӣ кардааст. Ӯ аз машҳуртарин фақеҳони ҳанафӣ буда, осори зиёде аз худ боқӣ гузоштааст, ки муҳимтарини он осор китоби «Шарҳ-ул-ҳидоя» ва «ал-Муғаннӣ» дар усули фиқҳ аст. Шоир Иброҳим ибни Аҳмад ибни Муҳаммади Хуҷандӣ, ки дар солҳои 1377 -1447 зиста, шеъри арабӣ сурудааст ва ӯ «Девон» ва шарҳе бар «ал-Арбаин-ун-нававия» дорад.
Ислом дар Осиёи Миёна дар қарнҳои VII ва VIII мелодӣ пас аз футуҳоти арабӣ ва зам кардани он минтақа ба хилофати арабии исломӣ интишор ёфт. Ислом дар байни тоҷикон ва аксари халқҳои дигари минтақа пойдор шуд. Сипас ислом муҳимтарин модда дар соҳаи забон ва фарҳанг ва ҳунари тоҷикӣ гардид. Бар рағми он ки забони тоҷикӣ дар асл забони форсӣ аст, тоҷикон ба мазҳаби ҳанафӣ тааллуқ доранд, ба истиснои минтақаи кӯҳистони Бадахшон, ки сокинонаш пайравони мазҳаби исмоилӣ мебошанд. Забони форсӣ таҳти таъсири омилҳои сиёсӣ ва минтақавӣ ба форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ номгузорӣ шуд ва ин муҳимтарин омиле гардид, то ҳар яке аз ин шохаҳо марҳилаҳои таҳаввули хоси худро тай кунад, ки дар сохтор, вожаҳо ва талаффуз ба шакли вежа намоён аст. Қарнҳои IX ва X шоҳиди эҳёи тамаддуни тоҷикӣ буданд, забони адабии форсии тоҷикӣ рушд ёфт, адаби тоҷикӣ дар минтақаҳои дурдаст ба шарофати интиқоли шоирон, ҷаҳонгардон, олимон ва бозаргонон аз минтақае ба минтақаи дигар ва тарвиҷи дастхатҳои мусаввар интишор ёфт. Пештар забони форсии тоҷикӣ алифбои арабиро ба кор мебурд ва аз соли 1928 ба алифбои лотинӣ гузашт ва бори дигар дар соли 1940 ба алифбои русӣ тағйир ёфт. Забони тоҷикӣ бо форсӣ ҳеҷ фарқе надорад, магар дар талаффуз ва баъзе истилоҳоти навин.
Шоир Камоли Хуҷандӣ мутасаввифе буд, ки номи пурраи ӯ Камолиддин Масъуд ибни Абдуллоҳи Хуҷандӣ аст. Ӯ дар шаҳри Хуҷанд дар соли 1321 таваллуд шуда, то сафари ҳаҷ дар он шаҳр ба воя расидааст ва зиндагӣ кардааст. Дар роҳи бозгашт аз сарзаминҳои муқаддас дар шаҳри Табрез дар шимоли ғарби Эрон таваққуф намудааст ва дар он ҷо сукунат гузида, то маргаш дар он шаҳр зистааст. Дар мавриди соли даргузашти ӯ ривоятҳои гуногун вуҷуд доранд. Лекин аксари ривоятҳо соли вафоти ӯро 1400 мелодӣ медонанд. Дар Табрез барои ӯ оромгоҳе дар наздикии оромгоҳи машҳуртарин рассом ва мусаввири миниатюраҳо дар таърихи ислом Камолиддини Беҳзод бунёд шудааст. Камолиддини Хуҷандӣ ҳамасри шоир Ҳофизи Шерозӣ будааст, ки байни он ду мубодилаи номаву ашъор сурат мегирифт. Камоли Хуҷандӣ дар айёми ҳукмронии Султон Ҳусайн ибни Увайси Ҷалоирӣ мезист ва назди ӯ аз эҳтимому сарпарастӣ бархурдор буд. Султон Ҷалоирӣ ба сохтани хонақоҳе барои ӯ амр намуд.
Арабҳо ва тоҷиконро пулҳои мустаҳкам ба ҳам мепайванданд, ки то умқи таърих ва садри ислом тӯл кашидаанд. Бахусус пас аз омадани футуҳоти исломӣ ба Фарорӯд, ки он сарзамин пуштувонаи қавие барои мусулмонон ва дарвозаи муҳиме барои идомаи футуҳоти исломӣ дар Осиёи Миёна, Ҷанубӣ ва Шарқӣ гардид. Аз ин рӯ, он чизе ки арабҳо ва тоҷиконро ба ҳам мепайвандад, таърих ва мероси фарҳангии куҳан мебошад.