Activities calendar

26 ноября 2016

Тамоми умр кӯдак будану тифлона хандидан...

Оре, инсони баркамол тамоми умр орзуи бозгашт ба кӯдакӣ дорад, чун маҳз ҳамин тифлист, ки олами беғаш ва бегуноҳист. Тифлист, ки ғами дунё надорад ва ҳамин олам олами рангҳост. Оламе, ки дунёро ҳамеша рангин мебинад.
Тасаввури тифлон хеле бою рангин аст. Онҳо бо ҳамон ақли кӯчаку назари кунҷковашон мехоҳанд оламро рангинтар бинанд ва ин тасаввурро дар расмҳои худ, дар эҷоди самимонаашон рӯйи коғаз мерезанд. 

Нусрату шоҳӣ аз китоб...!

Бо вуҷуди сардии беш аз ҳадди интизори ҳаво ин ҳафта низ тибқи барномаи аз қабл тарҳрезишуда даъват ба китоб ва Китобхона идома дошт.
Кормандони шуъбаҳои равобити байналмилалӣ, автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ ва нигоҳдории рисолаҳои илмӣ ба Муассисаҳои таҳсилоти умумии № 81, 82, 86, 87, 88, 90, 91-и шаҳри Душанбе

Ҳашари барфрӯбӣ дар Китобхонаи миллӣ

Барфи лак-лакии ду рӯзи пеш ва  бахусус  рӯзи гузашта Душанбеи зеборо комил пӯшид. Китобхонаи миллӣ низ субҳи рӯзи шанберо бо роҳҳои пурбарфу ҷодаҳои барфпӯш истиқбол кард.
Аз сари субҳ ҳамаи кормандони Китобхона бо шумули роҳбарони он дар даст белу ҷорӯб ба барфрӯбӣ шуруъ карданд ва то замоне, ки аввалин хонанда ба ин боргоҳи маърифат қадам ранҷа кунад, ҷодаҳоро пура тоза карданд, атрофи китобхонаро омода ба вуруди хонанда