Тамоми умр кӯдак будану тифлона хандидан...
Нашр шуд 2016-11-26 23:01
Оре, инсони баркамол тамоми умр орзуи бозгашт ба кӯдакӣ дорад, чун маҳз ҳамин тифлист, ки олами беғаш ва бегуноҳист. Тифлист, ки ғами дунё надорад ва ҳамин олам олами рангҳост. Оламе, ки дунёро ҳамеша рангин мебинад.
Тасаввури тифлон хеле бою рангин аст. Онҳо бо ҳамон ақли кӯчаку назари кунҷковашон мехоҳанд оламро рангинтар бинанд ва ин тасаввурро дар расмҳои худ, дар эҷоди самимонаашон рӯйи коғаз мерезанд.
Агар гӯем, ки толори кўдакону наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон имрўз маркази кўдакони боистеъд гаштааст, иштибоҳ нахоҳем кард. Дар гӯшае аз ин толор атфол метавонанд машғули расмкашӣ шаванд ва зери назари мураббиён расмҳои ҷолиби кашидаи худро барои намоишҳои гуногун пешниҳод созанд.
Даҳҳо расмҳои мавзуъии бачаҳо дар чандин намоишҳои телевизионӣ шоистаи таҳсин буданд ва боиси ифтихор аст, ки бинандаҳои телевизион низ аз онҳо тамҷид кардаанд.
Имрўз бошад роҳрави бахш низ бо кӯшишу заҳматҳои шуъба ва ана ҳамон кўдакони боистеъдод қабои рангинӣ ба бар намудааст, ки ўро метавон «Олами рангини кўдакон» ном бурд.
Дар он деворҳо расмҳои диққатҷалкунанда ва ифодакунандаи даъват ба мутолиаю донишомўзӣ овезонанд, ки маҳсули эҷоди атфол аст. Азбаски толори кўдакон ва наврасон маҳз барои бачагони синни хурд ва миёнаи мактабӣ хизмат мерасонад, аз ҳамин лиҳоз масъулини шуъбаву бахш тасмим гарифтанд, ки роҳрави толорро барои ҷалби ҳарчи бештари хонандаи наврас зебо оро диҳанд.
Ҳар як хонандаи хурдсол то ба толор ворид шудан аз расмҳои роҳрав дидан намуда, ҷаҳон-ҷаҳон маънӣ ба худ мегирад. Бештари ин расмҳо аз ҷониби рассоми ҷавон Рамазон Валиев офарида шудаст.
Ин рассоми ҷавон бештар ба мавзуъи омӯзишу парвариш, китобу китобхонӣ таваҷҷуҳ дорад ва талош мекунад дар офаридаҳояш маҳз мубаллиғи донишу хониш будани худро нишон диҳад.
Ин се расм, ки ҳоло мебинед, аз ӯст.