Рӯзе, ки инсон бори аввал ба кайҳон парвоз кард. Ва мо аз замони Шӯравӣ, аниқтараш аз соли 1961 ин санаро таҷлил мекунем. 12-уми апрел рӯзест, ки Юрий Гагарин ба кайҳон рафту саломат баргашт ва ба оламиён гӯшзад намуд, ки Кайҳон низ фатҳ шуданист. Ба ҳамин муносибат барои хонадагони толори хониши кӯдакон ва наврасон маҳфили хотирмоне баргузор шуд, ки ташаббускори он Шӯъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ буд.
Аввал ба бачаҳо дар бораи Юрий Гагарин маълумот доданд ва гуфтанд, ки зиёда аз ним аср аст, ки корномаи ӯ дар маркази таваҷҷӯҳи башарият қарор дорад. Кори осоне набуд аз аввалинҳо шуда иқдом ба фатҳи Кайҳон кардан. Ҳаёт байни маргу зиндагӣ қарор дошт. Вале Юрий Гагарин ин мушкилро писандид ва парвоз кард. Саломат ба замин баргашт ва аз он рӯз ин ҳақиқат ошкор шуд, ки инсон на танҳо қодир ба омӯзиши кайҳон аст, балки метавонад онро фатҳ кунад.
Солҳо гузаштанд, ҳавонавардони зиёде рафтанду омаданд, акнун на дақиқаву соатҳо, балки рӯзҳову моҳҳо одамон сайри олами Кайҳон мекунанд, меомӯзанд, кушоишҳои чашмгири илмӣ мекунанд. Вале ҳамоно номи Юрий Гагарин вирди забонҳост, чун вай аз аввалинҳо буд.
Аслан омӯзиши кайҳон илми нав нест, ҳазорсол аст, ки олимон дар сар то сари олам ба он таваҷҷӯҳ мекунанд ва ниёкони мо ҳам даҳҳо асарҳои ҷолибу хонданӣ аз ин илм таҳия кардаанд. Шинохти фалак аз шавқовартарин илмҳо чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз буд.
4-уми октябри соли 1957 маҳвораи аввалин аз ҷониби Иттиҳоди Шўравӣ ба фазо партов шуд.
12-уми апрели соли 1961, яъне 57 сол пеш аз ин Юрий Гагарин ба кайҳон парвоз кард ва аз он рўз то ба ҳол ин рӯз чун рӯзи аввалин вуруди инсон ба Кайҳон таҷлил мешавад.
Юрий Гагарин 9-уми марти соли 1934 дар хонаводаи марди деҳқон дида ба олам чашм кушодааст. Модараш Анна Тимофеевна ва падараш Алексей Иванович буданд.
30-уми сентябри соли 1949 ба омӯзишгоҳи касбӣ дохил шуд. Аз соли 1954 дар клуби ҳавопаймоии Саратов ба кор даромад. Соли 1955 техникуми индустриалии Саратовро бо баҳои аъло хатм кард.
27-уми октябри соли 1957 ба Валентина Горячева ҳамхона шуд ва аз ин ду духтароне бо номҳои Елена ва Галина ба воя расиданд.
Ду сол пештар аз парвоз ба кайҳон интихоби номзад оғоз шуд ва он замон тарроҳ Сергей Королёв талаботи аслиро дар миён гузошт: синну сол тахминан то 30, вазн на беш аз 72 кило ва қад на болотар аз 170 см бошад.
Юрий Гагарин низ қатори дигар довталабон аз ҳама санҷишҳо гузашт ва интихоби аввалин парвоз ба дўши ӯ афтид. Парвози ба кайҳон аз Байконур сурат гирифт. Юрий Гагарин 1 соату 48 дақиқа атрофи Замин парвоз кард ва ба Замин бозгашт.
Юрий Гагарин 27-уми марти соли 1968 ҳангоми иҷрои парвози озмоишии ҳавопаймои МиГ-15 УТИ ба ҳалокат расид.
Дар ин нишаст миёни хонандагон ва кормандон саволу ҷавоб сурат гирифт ва маълум шуд, ки аксари хонандагони мо доир ба ин санаи муҳим маълумот доштаанд.
Дар охир барои иштирокдорони маҳфил филми тасвирии «Планета 51» намоиш дода шуд, ки аз он маълумотҳои иловагӣ дар бораи аввалин кайҳонаварди олам дарёфт намуданд.