Шинохт ва ёдгирӣ

Беҳтарин туҳфа барои касоне, ки мехоҳанд забон омӯзанд. Беҳтарин дастур барои навомӯзон. Ҳар касе соҳиби ин бастаи китобҳо шавад, бо чор забон: тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ ва форсӣ дар бораи  рангҳо, ҳайвонот, шаклҳо, алифбо, ададҳо на танҳо маълумот ҳосил мекунад, балки навиштану хондани онҳоро низ ёд мегирад.

Ва ҷолибтар аз ҳама: чуноне ишора кардем, хонанда имкон дорад ин ҳамаро якббора бо чор забон ёд гирад. Тартибдиҳандагони бастаи китобҳо ҳадафашонро ин гуна баён медоранд: Бедор намудани завқи кўдак ба ёдгирӣ ва иҷрои воситаи машқҳои шавқовари омўзишӣ. Кумак ба кўдак дар фаҳми возеҳ ва бидуни хастагӣ бо машқҳои савтии судбахш. Парвариши қобилияти кўдак барои хондан ва навиштан. Имкон фароҳам овардан ба кўак барои ҳаловат бурдан аз ёдгирӣ бо ёрии машқҳои сода...”

Оре, ҳамин тавр аст. Беҳтарин имкони омӯзиш фаро расидааст ва мушкили ин омӯзишро Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик  осон кардааст.

Тарроҳи маҷмўаи   панҷҷилда Б. Раҷабова ва муҳаррир Н.Сафаров аст.

Маҷмуа барои атфоли аз сесола боло пешниҳод мешавад.

Чанд нусха аз ин баста дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ҳам вуҷуд дорад. Агар шумо имкону вақт доред, пас онро дар ҳамин толор метавонед мутолиа намоед.

Замира Давлатова, корманди Шуъбаи кӯдакон ва наврасон