Навқаламон ва китобдорони беҳтарин

Чунин ном дорад маҳфили наве, ки шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ин ба баъд созмон медиҳад. Дар маҳфил хонандагони фаъоли шуъба, эҷодкорони ҷавон ва шоирону нависандагон ширкат мекунанд.

Маҳфили нахустинро Назира Толибова – мудири шуъбаи кӯдакон ва наврасон ифтитоҳ намуд ва ҳадафи ташкили онро мухтасар баён кард. Вай гуфт, ки ҳадаф ҷалби наврасон ба кори эҷодӣ аст. “Мо гуфтем ин гуна маҳфиле дошта бошем, ки шоиронамон ашъори навқаламонро бонавбат таҳлилу баррасӣ кунанд. Беҳтарин байту мисраъ ва шеърро гӯянд, иштибоҳоташонро нишон диҳанд. Яъне, ин маҳфил бояд як мактаби эҷодӣ барои касоне шавад, ки устод меҷӯянд, то ба роҳи эҷод қадам бардоранд. Мо медонем, ки кӯдакон моилан эҷод кунанд, вале барояшон раҳнамо лозим аст. Агар як навишта таҳлил шавад, гумон аст муаллифаш илҳом мегирад ва идома медиҳад”.  
Дар маҳфили аввал Аъзои иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,  ва мудири Маркази Тоҷикшиносии Китобхона Алишери Муҳаммадӣ ҳамчунин, Баҳманёр Сулаймонов - мудири Маркази Конуни забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ  ширкат карданд ва дар бораи шеърҳои пешниҳодкардаи навқаламон андешаҳои худро иброз доштанд.
Маҳфил аз ду қисмат иборат буд. Дар қисмати аввал наврасон шеърҳои худро хонаданд ва маслиҳат дарёфт карданд ва дар қисмати дуюм афсонаву ҳикояҳои тозаэҷодашонро қироат карданд. 

Фарзонаи МИРЗО