Шоми дирӯз дар саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи китоб маҳфили навбатии “Ҳамешабаҳор” баргузор гардид. Мавзӯи маҳфил ғазалиёти Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ буд ва ба дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон бахшида шуда буд.
Гардонандаи маҳфил чун ҳамеша шоири шинохта Хайрандеш ва базморо ҳунарпешаи маъруфи кишвар ва олими шинохта Ҷӯрабек Назрӣ буданд.
Маҳфил аз ҳафт равза: Афрўза (Ганҷи китоб), Афроза (шоҳбайтхонӣ), Афшина (Зарбулмасалу мақол), Афшона (танзу ширингуфторӣ), Андеша (Чистону муаммо), Ангеза (Байтбарак), Ангора (тафсири як шоҳбайт) иборат буд.
Барнома хеле рангин буд ва таронаҳои устод Ҷӯрабек назрӣ ба маҳфил сафо мебахшид.
Ҳафт нафар ғолибон дар ҳафт бахш муайян шуданд ва ҳар кадом соҳиби ҷоизаҳои гаронбаҳо шуданд.
Шоҳҷоиза насиби Зуҳриддин ном хонандаи синфи 11 аз мактаби таҳсилоти умумии шаҳри Панҷакент шуд.
Фарзонаи МИРЗО