“Дар суҳбати соҳибдилон” бо Раънои Мубориз

Маҳфили навбатии “Дар суҳбати соҳибдилон” бо ширкати шоираи маъруф Раънои Мубориз баргузор шуд ва ширкаткунандагон имкон доштанд бо шоира дар бораи ашъораш баҳс кунанд.

Мавзуъи Ватан, модар, замон дар муколамаи ширкаткунандагони маҳфили Дар суҳбати соҳибдилон бо шоираи маъруф Раънои Мубориз баҳс шуд.

Ин маҳфил баъд аз зуҳри 12- уми октябри соли равон дар Ошёни булбулон бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар  ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  доир гардид.

Салима Раҷабова, муовини Директори Китобхонаи миллӣ дар сухани ифтитоҳии худ гуфт, ки номи Раънои Мубориз барои хонанда ноошно нест. Ӯро бо шеърҳои хубаш, бо маҷмуъаи ашъораш, бо суханҳои зебояш мешиносанд ва шеърашро мехонанд. Раънои Мубориз дар ҳақиқат аз ҷумлаи муборизони роҳи адолат аст ва ҳар шеъри вай аз меҳри Ватан шуъла мезанад. Раъно шоираи меҳанпарасту миллатдӯст аст ва бахши муҳими шеърҳояш дар мавзуъи Ватан, Модар, Истиқлолият навишта шудаанд. 

Раънои Мубориз зимни суханрониаш  сараввал рӯзҳои аввал по ба арсаи ададбиёт гузоштаашро ёдовар шуд, дар бораи шеъри нахустинаш, устодонаш, солҳои таҳсилаш дар донишгоҳ ва умуман ҳаёт ва фаъолияти эҷодияш қисса кард. Ҳамчунин ба саволҳои ширкаткунандагон посух дод. 

Дар идомаи маҳфил қироати порчаҳои шеърӣ аз эҷодиёти шоира Раънои Мубориз дар иҷрои хонандагони шуъбаи кудакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон шунида шуд.

 МУАРРИФӢ: Раънои Мубориз (Хӯҷаева Раъногул Карамхудоевна) 9 майи соли 1965 дар ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба ҷаҳон омадааст. Дастпарвари мактаби миёнаи ба номи Мастибек Тошмуҳаммадови ноҳия, хатмкардаи шуъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Соли 1987, баъди хатми донишгоҳ, дар рӯзномаи вилоятии «Бадахшони Советӣ» ба кор пардохтааст. Муддате корманди рӯзномаи мазкур ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Анис», мудири бахши иҷтимоӣ-фарҳангии дастгоҳи раиси вилоят, сарвари созмони бонувони эҷодкори вилоят, мушовири шӯъбаи ИНТ дар Бадахшон ва муовини раиси маҳфили «Адибони Бадахшон» будааст.

Соли 2003 муовини сардабири маҷаллаи «Фирӯза» таъин шудааст. Солиёне чанд ба сифати сармуҳаррири ҳафтавори «Чархи гардун» фаъолият доштааст. Феълан дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба ҳайси мудири шуъба кор мекунад.

Аз солҳои донишҷӯйӣ ба шеърнависӣ пардохта, намунаҳои ашъораш дар маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ва алоҳидаи «Гаҳвораи сангин» (соли 1992), «Навои найсон», (соли 2004), «Садбарги кӯҳӣ», (соли 2005), «Мусоҳиби офтоб» (соли 2010) ва «Лаъли Бадахшон» (соли 2015) чоп шудаанд. Намунаҳое аз чакидаҳои хомаи ӯ ба забонҳои русӣ, белорусӣ, чинӣ, ӯзбекӣ ва инглисӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Соли 2013 ба дарёфти Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода комёб гардидааст.

Аълочии матбуоти Тоҷикистон. Бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.

Аз соли 1992 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва узви Конфедератсияи байналхалқии Иттиҳодияҳои журналистони ИДМ, аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.