Бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар замони истиқлолият ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу суботи ҷомеа мебошад. Маҳз ҳамин омил давлату миллатамонро аз хатари парокандашавӣ нигоҳ дошт ва имрўз мо бо ифтихор ба истиқболи бистсолагии соҳибистиқлолиамон омодагӣ мегирем.
Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Муҷассамаи нишони давлатӣ, Душанбе, 25-уми августи соли 2011.
Рамзҳои давлатӣ ҳастӣ ва ифтихори миллии мо буда, гувоҳи барҷастаи истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари ифтихори миллӣ ва ору номуси ватандорӣ мебошанд.
Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Муҷассамаи нишони давлатӣ, Душанбе, 25-уми августи соли 2011.
Истиқлолият дар таърихи давлатдории тоҷикон ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи сифатан нав гардида, барои шинохт ва дарёфти арзишҳои тамаддуну фарҳанги миллӣ заминаи устувору пойдор фароҳам овард.
Андешаҳо дар остонаи бузургдошти соли тамаддуни ориёӣ. 17 – июни соли 2006).
Бигузор парчами истиқлолият ва сулҳу ваҳдат раҳнамову ҳидоятгари мо ба сўйи ояндаи нек ва зиндагии осоиштаву осудаҳолона бошад!
Паём ба маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 – апрели соли 2007.
Беҳтарин ва бузургтарин дастоварди таърихи навини миллати куҳанбунёд ва соҳибфарҳанги тоҷик сулҳ ва истиқлолият аст. Вазифаи ҷониву виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ин дастовардро чун гавҳари чашм ҳифз кунем ва шукронаи ин неъмати бузургро ба ҷо орем.
Суханронӣ ба муносибати даҳумин солгарди иҷлосияи XVI шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 – ноябри соли 2002.
Дастоварди муҳимтарини мо дар давраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ин аст, ки ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардошта шуд.
Паёми табрики ба муносибати фарорасии соли нави 2003 31 – декабри соли 2002.
Воқеан ваҳдати миллӣ меваи истиқлолият мебошад. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба мо имконият фароҳам овард, ки ғояи ваҳдатро парчами миллат кунем ва ба бунёди кохи ваҳдати воқеӣ ва бегазанду ҷовидонаи миллат шурўъ намоем.
Суханронӣ дар маросими оғози сохтмони майдони варзишии ш .Хуҷанд 15 – июни соли 2007.
Воқеан ваҳдати миллӣ меваи истиқлолият мебошад. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба мо имконият фароҳам овард, ки ғояи ваҳдатро парчами миллат кунем ва ба бунёди кохи ваҳдати воқеӣ ва бегазанду ҷовидонаи миллат шурўъ намоем.
Суханронӣ дар маросими оғози сохтмони майдони варзишии ш. Хуҷанд 15 – июни соли 2007.
Истиқлолияти давлатӣ, ки Тоҷикистон шонздаҳ сол пеш ба даст овард, натиҷаи кўшишу талошҳои тўлонии халқи тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи худ мебошад. Чунки андешаи истиқлолият ва талоши расидан ба давлатдории худ дар зеҳни миллати мо дар давоми беш аз ҳазор сол ҳамеша зинда буд.
Суханронӣ дар маҷлиси бошукўҳи ба ифтихори 16 - солагии истиқлолияти давлати давлатии Тоҷикистон ва 800 - умин солгарди зодрўзи мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ Душанбе 8 сентябри соли 2007.
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ имкониятҳои бузургро фароҳам овард, ки арзишҳои маънавию динӣ ва мазҳабии мо боз ҳам такомул ёфта, мардум бидуни монеа фаризаҳои динии худро амалӣ мегардонанд.
Паёми табрикӣ ба муносибати иди фитр 10 октябри соли 2007.
Таҳияи Моҳира Муродова