Ин китоб ба ифтихори 5500 – солагии Саразми бостонӣ зери назари академик Фарҳод Раҳимӣ чоп шудааст. Муаллифи тарҷума Олими Хоҷамурод ва муҳаррири масъул Аслиддин Низомӣ мебошад. Ба китоб номзади илми филология Павел Лурйе тақриз навиштааст. Китоб дар шаҳри Душанбе ба теъдоди 200 нусха чоп шудааст. Мутарҷим дар ёддошти худ менависад:
Рисолаи мазкури бостоншинос ва шарқшиноси маъруфи рус Борис Ильич Маршак ( 9.07. 1933 – 28.07.2006) аз охирин таълифоти эшон ба шумор рафта,як навъ таҳқиқоти ҷамъбастӣ доир ба олами пурасрори ҳунари (санъати) сарзамини Суғди бостонӣ маҳсуб мешавад.
(Аз «Туҳфат-ул -аҳбоб»)
Маҳе дорам, ки аз шўхӣ кунад сар лоуболиро,
Гаҳ аз рўи таҳаммул сар кунад соҳибкамолиро.
Гаҳ аз ҷўши такаллум зинат афзояд фасоҳатро
Гаҳ аз мавҷи табассум ҷон диҳад софи зулолиро
Гаҳ аз ороиши худ бандад ойини зулайхоӣ,
(вафот-1321 )
(Аз тазкираи Садри Зиё)
Дур дор аз сар ғуруру пок аз дил кинаро,
Ҷилвагоҳи хештан кун дидаи ойинаро.
Зуфунун, Фарҳод ҳам меканду ман ҳам меканам,
Ӯ ба теша Бесутунро, ман ба нохун синаро.
Моҳи сентябри соли ҷорӣ ба зодрӯзи устод Муҳаммад Осимӣ 100-сол пур мешавад. Ў нобиғаи нотакрор, олим ва донишманди бофарҳанги тоҷик буд. Мо ўро месазад дар радифи Айнӣ, Турсунзода ва тарихшиноси машҳури тоҷик Бобоҷон Ғафуров ном барем. Муҳаммад Осимӣ солҳои тӯлонӣ аз соли 1965 то соли 1988 яъне тӯли 23 сол Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Чи тавре, ки аз таърих медонем, Садриддин Айнӣ
Шумораи ҷашнии “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамин ҳоло дастрас шуд. Дар ҳаҷми 90 саҳифа, ки расонаҳо пештар ҳам хабар дода буданд. Ба гумонам кормандони имрӯзаи “Ҷавонон” расолати худро анҷом доданд ва 90 солро дар 90 саҳифа хулоса намуданд. Ин аслан хулоса ҳам нест, балки ёдкарди саҳифаҳи таърихи ин нашрияи ҷавонони кишвар аст, ки қаблан бо номи “Комсомоли Тоҷикистон” нашр мешуд. Ва номаш ҳам он замон шоистаи худ буд, чун аксари ҷавонон он замон узви комсомол буданд. Ва баъдан ин ном боз ҳам ҷолибтар шуд: “Ҷавонони Тоҷикистон”. Сазовору шоиста ба номаш бошад, чун минбари ҷавонон аст.
Аз шуарои асри 13 ҳиҷрӣ аст. Ба муносибати фатҳи Шаҳрисабз дар мадҳи амир Насруллоҳ (Ботурхон) қасида иншод карда, моддаи таърихро некў рақам задаст.
( Аз «Туҳфа – ул – аҳбоб» ба тариқи интихоб ):
Аз пайи тасхири Кеш афрохт раъйат ҳимматаш,
Ёвараш таъйиду насри ҳазрати Халлоқ буд.
Ғазал
(Аз тазкираи Афзал)
Хуррам дили он кас, ки нигораш ба бар ояд,
Осудагии чон, ки шаби ҳаҷр сар ояд.
Аз ишқи ту ҳаргиз нашавад як сари мў кам,
Гар филмасал он зулфи сияҳ то камар ояд.
Тамаддунҳо садо доранд ва ин садои онҳо аз қаъри асрҳо то ба замони мо таввассути оҳангу таронаҳои асил, навҳаву сӯгвориҳо, қиссаву достонҳо омада расидаанд. Нолаи умедворонаи модари тоҷик дар сари гавҳора, захмаи устоди танбӯрӣ, нохунзаниҳои пурпечутоби думбранавози кӯҳистонӣ, навои ҳазини найи чӯпонӣ,наъраҳои карнай ва ғул ғулаи нағораҳои базмӣ,суруди «Ёр – ёр»-и тӯйҳои арӯсӣ, фарёди шабоҳанги марди хирмандкӯб, нидои баландовози фалакхониҳо,тамкину сабурии авҷҳои «Шашмақом» ин ҳама садои тамаддуни мост, ки дар ҳар гардишу фуроварди онҳо садҳо варақ ахбори ниҳонии таърих сабт гардидаанд. Ин навоҳо ба мо аз гузашта қисса мекунанд, аз саргузашти дурру дароз.