Activities calendar

25 сентября 2020

Аслиддин Низомӣ. Таърихи мусиқии тоҷик. Чанд иқтибос аз китоб. Бахши охир

Аслиддин  Низомӣ. Таърихи мусиқии тоҷик. Чанд иқтибос аз китоб. Бахши охир

Таи  садсолаҳо побарҷо мондани суннатҳои замзамахонӣ албатта аз он шаҳодат медиҳад,ки дар тўли даргузашти вақоеъи пурталотуми замон – ивазшавии сиёсатҳову давлатдориҳо,мазҳабҳову  ҷаҳонбиниҳо,дар баробари таъсири ҳамаи  ин тағйиротҳо, сунатҳои мусиқии мардуми тоҷик  қудрати хеле волои бадеӣ-эстетикии хешро аз даст надодаанд.

Ба истиқболи Рӯзи ҷаҳонии гардишгарӣ. Тоҷикистон сарзамини сайёҳӣ

Рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати мо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд. Бо мақсади рақобатпазир гардонидани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ моро зарур аст, ки мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияҳои муосирро омода кунем, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба талаботи бозори

 

Мизи мудаввари Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи гиромидошти Мавлоно

Дирӯз бо ташаббуси  Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар худшиносии тоҷикон” доир гардид. Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов сухани муқаддимавӣ кард ва чеҳраҳои  шинохтаи илму фарҳанги кишварро барои ҳузурашон дар ин нишаст хайрамақдам намуд.

Ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ гуфт, ки “ҳадаф аз баргузории чорабинии имрӯза руҷӯи таърихӣ ба фарҳанги девондориву китобнависӣ, тамаддунофариву давлатдории халқи тоҷик ва баҳрабардорӣ аз осори мондагору инсонгароёнаи ниёконамон мебошад.

Дюма – писари Александр Дюмаи машҳур, нависанда, драманавис

Дюма Александр (Дюма- писар) 28 июли соли 1824 дар шаҳри Порис ба дунё омад. Нависанда ва драматурги фаронсавӣ, узви академияи Фаронса (1874). Писари Александр Дюма. Ба адабиёт бо шеърҳояш ворид шуд; маҷмуаи нахустинаш – «Гуноҳҳои бачагӣ» (1845) барояш муваффақият наовард.

Романфелетонҳои таърихии «Тристани сурхмўй» (1849), «Ҳенрих Наваррский» (1850), «Зане бо муҳраи садафӣ» (1854) аз комёбиҳои эҷодии Дюма шумурда мешаванд.

Ҳамчун намоишноманавис Дюмаро песаи «Хонуми чойгулбадаст» (1852), аз рўи романи ҳамноми он (1848, 2 ҷилд)