Мизи мудаввари Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи гиромидошти Мавлоно
Дирӯз бо ташаббуси Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар худшиносии тоҷикон” доир гардид. Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов сухани муқаддимавӣ кард ва чеҳраҳои шинохтаи илму фарҳанги кишварро барои ҳузурашон дар ин нишаст хайрамақдам намуд.
Ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ гуфт, ки “ҳадаф аз баргузории чорабинии имрӯза руҷӯи таърихӣ ба фарҳанги девондориву китобнависӣ, тамаддунофариву давлатдории халқи тоҷик ва баҳрабардорӣ аз осори мондагору инсонгароёнаи ниёконамон мебошад.
Аз ҷониби ЮНЕСКО Соли бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ эълон шудани соли 2007, чорабиниҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои гуногун барои таҷлили 800-умин солгард аз мавлуди ин фарзанди барӯманди тоҷик ба нақша гирифта, ба иҷро расониданд. Дар қатори он ҷашнвораҳои дигар боз аз нав имкон доданд, ки ҳамаи мо ба гузаштаи худ дар мисоли ҳаёт ва осори ин мутафаккир бо диди нав назар андозем ва барои маънидоди воқеияти ҷаҳони муосир дар андешаҳои ӯ барои худ пояҳои нав ба нав ҷустуҷӯ намоем”.
Доктори улуми филологӣ, профессор Муҳиба Маҳмадҷонова зимни суханонии худ иброз дошт: “Ҷалолуддин Балхӣ аз он дурдонаҳои нодири баҳри фарҳанг ва адаби тоҷик аст, ки осораш ба ташвиқу тарғиби инсон, мақому манзалати бузурги он дар ҳастӣ равона гардидааст. Ин аст, ки шахсияти Мавлоно ва осори гаронбаҳояш дар дили тоҷикон асрҳо ҷойи муқаддас дорад. Таҷлили ҳамасолаи зодрӯзи ин абармарди фарҳангу адаб, ки барои ваҳдат, ягонагии миллат, дӯстиву рафоқат ва иҷтиноб аз душманиву ситез байни инсонҳо суханони ноб гуфтааст, шаҳодати худшиносии миллии мо тоҷикон мебошад. Аз ҷумлаи марокизи румишиносӣ дар ҷаҳон бояд чандеро ёд кард, ки ҷамъе аз уламои аврупоӣ, амрикоӣ ва туркӣ мебошанд, ки осори Мавлоноро ҷамъоварӣ ва пажӯҳиши амиқи онро анҷом додаанд.
Мутаасифона, дар Тоҷикистон аз пажӯҳишгарони номвари турк камтар маълумот мавҷуд аст, дар ҳоле, ки олимони кишвари Туркия самимият ва вафодории беандозае ба шахсият ва осори ин абармарди ирфон зоҳир карда, осори гаронбаҳоеро дар паҳлӯҳои гуногуни афкор ва осори Мавлоно ва таъсири он ба фарҳанги исломӣ ва туркиро офаридаанд. Аз ҷумлаи мавлавипажӯҳони кишвари Туркия устоди зиндаёд Абдулбоқӣ Гулпинорлиро бояд ёдоварӣ намуд, ки имсол ба зодрӯзаш 120 сол мешавад. Осори илмии эшон, ки беш аз 50 –номгӯйро ташкил мекунад, ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёт ва осори Мавлоно тариқати Мавлавия, расму оини роиҷ дар Туркия, ки бо номи Мавлоно марбут аст, тарҷумаи осори Мавлавӣ ва ҳаммаслаконаш бахшида шудаанд. Яке аз масоили ҷолибе, ки Гулпинорлӣ дар ду китоби калонҳаҷми худ назар кардааст, масъалаи муносибати Мавлоно ба мақом ва манзалати зан бахшида шудааст.
Ҳамзамон, Шоири Халқии Тоҷикистон Назри Яздон илова намуд, “Тамоми он ҳама заҳматҳое, ки Мавлоно кашидааст, ҳадафаш аз аввал то ба охир сохтани инсони хуб, инсони офаранда, созанда, инсоне, ки ба мардум манфиаташ бирасад, мебошад. Яъне инсон бояд аз он ҳама зебоиҳое, ки дар руйи замин ҳаст, дуруст баҳра бубарад. Чунончӣ: мегӯяд,
Боз ҳам овози ишқ мерасад аз чапу рост,
Мо ба само меравем, майли тамошо кирост?
Мо зи фалак бигзарем, мо зи ҳама бартарем,
Мо зи малак бартарем, манзили мо кибриёст.
Мавлоно мегуяд, ҳатто хоки ман ошиқ аст. Чунончӣ:
Агар аз хоки ман гандум барояд,
Аз он гар нон пазӣ, мастӣ фазояд.
Хамиру нонво девона гардад,
Танураш байти мастона сарояд.
Месазад қайд намуд, оташи танур худ оташи ишқ аст.
Маро ҳақ аз гили ишқ офариданд,
Ҳамон ишқам агар хокам бисӯзад.
Яъне инҷо ба маъное, ки хок мегардаму аммо ошиқ мемонам.
Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, корманди Театри давлатии академии драммавии ба номи А. Лоҳутӣ Ортиқ Қодир аз эҷодиёти Мавлоно Ҷалолуддин Балхӣ порчаҳои шеърӣ қироат намуд.
Фарзонаи МИРЗО