Тирамоҳи заррин дар маҳфили “Дастони моҳир”

Дар маҳфили навбатии “Дастони моҳир” мавзӯъ тирамоҳ буд. Фасли хазонрез, фасли ҳосил ва фасле, ки рӯзҳояш тадриҷан сард мешаванд ва моро ба зимистон наздик мебаранд. Ин чорабинӣ саривақтӣ ҳам буд. Акнун тадриҷан тирамоҳ ҳам бисоти худро аз замин меғундорад ва рӯзаке чанд ҷояшро зимистон мегирад. Фаслҳо иваз мешаванд ва бояд вобаста ба ин тафаккуру тасаввур ҳам дар тағйир бошад. Ва ҳадафи мавзуъи “Дастони моҳир” қарор додани тирамоҳ низ ҳамин буд. Мехостем бидонем, ки киҳо чиҳо дар ин бора медонанд. Ва муҳимтар аз ин: ин фасли зеборо кӣ чӣ гуна тасаввур мекунад?

Хонандагон дар пурсишу посухҳо гуфтанд, ки тирамоҳ аз се моҳ иборат аст.  Дар баъзе навоҳии кишвар фасли тирамоҳ аллакай ранги баргҳои дарахтонро зард ё тиллоӣ кардааст. Аммо дар баъзе аз навоҳии гарми ҷумҳурӣ ранги сабз барги дарахтон муддате боқӣ мемонад. Тирамоҳро одатан заррин меноманд, чунки дар он алафу дарахтон зард мешаванд, ки маънои ба охир расидани давраи зиндагии онҳост, то аввали баҳор аз ин дарахтону гиёҳон баргҳои сабз мерӯянд.  Тирамоҳ  аёйми чамъоварии ҳосили фаровони меваҳо, сабзавот мебошад. 

Хонандагон баъди пурсишу посухҳо ва шеърхониҳо дар бораи тирамоҳ аз коғазҳо ҳар гуна манзараҳои тирамоҳиро сохтанд ва расмкашӣ карданд. Онҳо тахаюлоти бою рангоранги кӯдакии худро дар тасвирҳо ва сохтаҳои худ истифода карданд.

Сайрон Сафарова