Толори кўдакон бидуни таътил ҳам пурхонанда аст
Нашр шуд 2021-02-16 15:46
Толори хониши кӯдакону наврасон ҳамеша рӯзҳои таътили тобистонаву зимистона пур аз хонанда мешуд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки наврасон ва кӯдакон беш аз ҳар вақти дигар таътили худро сарфи мутолиаи китоб мекунанд. Гоҳо мешуд, ки дар толор ҷойи нишаст пайдо крадан мушкил буд.
Аммо на танҳо дар таътилҳо, балки дар рӯзҳои муқаррарӣ пас аз анҷоми дарсҳо ё рӯзҳи якшанбе низ ин толор пур аз хонанда мешавад. Кас аз дидани манзараи толори пурхонанда ва шӯру шавқи мутолиаи китоб шод мешавад. Ин оғози ҳамон талошҳо барои бозгашти миллат ба китоб аст. Ин идомаи татбиқи тарҳи Ҳукумат ва Пешвои азизи миллат барои ба китобу китобхона овардани мардумест, ки даҳсолаҳои охир аз мутолиа дур шуда буданд.
Ҳафтаи гузашта 898 нафар хонандаҳои наврас барои мутолиа ба толори мазкур муроҷиат намуда, 3573 номгўи китоб дархост намуданд, ки ин аз таваҷҷўҳи бештари наврасон ба китобхонӣ шаҳодат медиҳад.
Дар тӯли ҳамин як ҳафта 152 нафар кӯдакону наврасон ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд.
Фирӯза Аҳрорӣ-муовини сардори Шуъбаи кӯдакон ва наврасон гуфт, ки бахусус баъди ду озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” теъдоди хонандагон дар ин толор ба маротиб афзуд. Вай мегӯяд зиёд шудани теъдоди хонандагони наврас далел бар он аст, ки кўдакону наврасон ба илмомузӣ рағбат пайдо кардаанд ва донишашонро сайқал медиҳанд.
Маврид ба ёдоварист, ки ин толор танҳо як толори хониш нест. Дар ин толор ба таври ҳамешеша се маҳфили хотирмон доир мешаванд, ки ширкаткунандагонашон ҳамин хонандагони наврасанд. Маҳфилҳои «Дар сўҳбати адиб», «Ман метавонам», «Дастони моҳир» ва дарси «Соати тарбиявӣ» аз чорбабиниое мебошанд, ки ҳар моҳ мегузаранд ва бачаҳо онҳоро интизор мешаванд.
Раҳима Аъзам