28-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ба номи Акашариф Ҷўраев маҳфили «Ҳамешабаҳор» баргузор гардид. Ҳамчуноне пештар ҳам хабар дода будем, ин бор баҳсу баррасиҳо атрофи китоби Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим “Биё, гулро ба барги гул бупечонем” буд. Маҳфил бо ташаббуси Китобхонаи миллӣ, нашрияи «Пайрав», Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва хонандагони фаъоли шуъбаи кўдакон ва наврасони Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ доир шуд.
Дар ин маҳфил сарояндагони маъруфи кишвар Афзалшоҳи Шодӣ, Саидқул Билол, Иззат Шарифӣ ширкат ва бо таронаҳои худ хотири ширкаткунандагонро шод карданд.
Шоҳҷоиза насиби хонандаи МТМУ-№-8 ноҳияи Шоҳмансур Шукрона Сайидализода гардид.
Фирўза Раҳимова