Имрўз дар бинои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо ташаббуси Маркази такмили ихтисос ва шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар мавзуи «Масъалаҳои рушди китобу китобдорӣ дар Паёми Пешвои миллат» баргузор гардид, ки онро Муовини аввали директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода ифтитоҳ намуд. Дар ин ҳамоиш ҳамчунин муовинони
Забони авестоӣ, авастоӣ, яке аз забонҳои эронии қадим, ки мутааллиқ ба гурўҳи забонҳои шарқии эронӣ аст. Дар Аврупо муҳаққиқон ин забонро забони Занд ё зандӣ мегуфтанд (тарҷумаву тафсири Авесто ба забони паҳлавӣ - форси миёна бо номи Занд- Авесто маълум буд), азбаски пайдоиш ва интишори зардуштия ба Балх вобаста аст, забони авестоӣ бо номи забони бохтарии бостон низ ёд мешавад. Оид ба мансубияташ ба гурўҳи ғарбии забонҳои эронӣ низ баъзе забоншиносон, авестошиносон баҳс оростаанд, вале тарафдорони шарқӣ будани забони авастоӣ ва далелҳо дар ин бобат бештаранд: ҷуғрофиёе, ки дар Авасто акс ёфтааст, ҳамосаҳои дар Авасто овардашуда аз рўи мазмуну мундариҷа ба Шарқ тааллуқ доранд;
Ин китоб соли 2013 бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ чоп шудааст. Муаллифи сарсухан С.Шосаидов навиштааст, ки “хусусияти хоси марҳилаи нави рушди афкори илмии китобдории миллӣ ин пеш аз ҳама васеъ гардидани доираи пажўҳишҳо, гуногунрангии ақидаҳо ва падидаҳои илмӣ, инъикоси батадриҷи қиммати назариявӣ ва амалии суннатҳои китобдории халқи тоҷик ва арзёбии мақоми ин суннатҳо дар масири таърихи ташаккулёбии назарияи китобхонашиносии миллӣ ба шумор меравад. Таҳлили осори илмии китобхонашиносони тоҷик собит менамояд, ки имрўз таҳқиқи афкори кўҳанбунёди китобдории тоҷик дар робитаи зич бо дастовардҳои замони истиқлол ва равандҳои пуртаззоди ҷаҳони муосир ҷараён
Маҳмуд Тоҳирӣ, ки як ҳунарманди ҳирфаӣ ва офарандаи даҳҳо симои хотирмон дар театр ва синамои кишвар буд, шояд барои тоҷикистониён бештар чун барандаи барномаи хеле ҷолиби “Бағараз панд”-и шабакаи ягонаи телевизиони Тоҷикистони Шӯравӣ ошно бошад. Ин барнома ҳар ҳафта пахш мешуд ва ровии хушсаводи он Маҳмуд Тоҳирӣ бо симои зебову нуронӣ пандномаҳои бузургонро қироат мекард ва саҳнаҳоеро муаррифӣ менамуд. Ҳоло куҷо рафт? Аввали солҳои 90-и асри гузашта аз Душанбе ба Олмон рафт ва дар ҳамон ҷо аз олам гузашт. Ӯ ба Тоҷикистон аз тариқи Озарбойҷон аз Эрон омада буд ва боз аз ин ҷо ба Аврупо рафту ҷон ба Ҳақ таслим кард. Агар зинда мебуд, 21-уми