Ширкаткунандагони як ҳамоиш дар Китобхонаи миллӣ хостори роҳандозии дубораи барномаи Рушди китоб шуданд

Имрўз дар бинои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо ташаббуси Маркази такмили ихтисос ва шуъбаи тарғиб ва  баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар мавзуи «Масъалаҳои рушди китобу китобдорӣ дар Паёми Пешвои миллат» баргузор гардид, ки онро  Муовини аввали директори  Китобхонаи миллии Тоҷикистон  Салима Раҷабзода ифтитоҳ намуд. Дар ин ҳамоиш ҳамчунин муовинони директори  Китобхонаи миллӣ Гадобек Мамудов ва Ҷалолиддин Нуров ширкат ва суханронӣ намуданд.

Дар мизи мудаввар муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми  таърих, дотсент Абдураҳимзода Қурбоналӣ, муовини директори  Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқикотӣ Комилзода Шарифҷон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент  Шосаидзода Сафар, мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва  библиографияшиносии ДДФСТ ба номи М. Турсунзодат Холов Бозорбой  атрофи масъалаҳои китобу китобхона ва таъсири он ба ҷомеа изҳори назар  намуданд.

Аз ҷумла Холов Бозорбой аз як қатор мушкилоти ҷойдошта дар ин самт ёдрас шуда, афзуд: Ҳамрохи устод Мамудов Гадобек ба китобхонаҳои ноҳияву деҳоти кишвар сафар доштем ва шоҳид гаштем, ки  дар онҳо кадрҳое, ки хатмкардаи факултаи китобдорӣ ҳастанд, намерасанд.

Дар тақвияти гуфтахои боло муовини директори КМТ Гадобек Махмудов пешниҳод кард, ки барои рушди китобхонаҳои деҳот як барномае таҳия карда шавад. Ў аз ҷумла таъкид намуд, ки  Китобхонаи миллии Тоҷикистон чунин таҷрибаро дорост ва чанд барнома омода низ кардааст. Ҳам барои мутахасисон ва ҳам барои роҳбарони шуъбаҳо. Бо даъвати олимону коршиносони соҳа ин корро ҳамоанг бояд кард. Бозомўзии кормандони ҷавони китобхонаҳои деҳоту ноҳияҳо талаби замон аст.

Инчунин пешниход шуд, ки барномаи Рушди китобро дубора ба роҳ монем ва онро тамдид намоем. Зеро тавассути барномаи Рушди китоб китобхонаҳои мо соҳиби технологияи нав ва китобхои китобҳои тозанашр гардиданд. «Корвони китоб» низ тавассути ҳамин барнома ба роҳ монда шуда буд.

Рахима  Аъзам