Activities calendar

12 ноября 2020

Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Таърихи миллат дар китобҳои Пешвои миллат

Адабиёт пайвандгари тамаддунсози дунёи маънавиёт ба шумор рафта, фарҳанги миллату халқиятро ба ҳам пайванд месозад. Асрҳо мегузаранд, аммо асарҳои гаронмоя ва суханони бобаракати меҳрофарину меҳрпайванд боқӣ хоҳад монд. Осори арзишманди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари аҳамияти илмиву адабӣ ва таърихӣ, аз назари тарбияи ҷавонон низ пурарзиш маҳсуб мешавад.

Муаррифии китоб: “Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон”

Муҳимтарин дастоварди истиқлолияти Тоҷикистон дар соҳаи китобдорӣ ин ташаккули сиёсати давлатии китобдории устувор бар мабнои ҳуввияти миллӣ ва арзишҳову меъёрҳои умумибашарӣ мебошад. Бо шарофати ҳамин сиёсати оқилона фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон тадриҷан ба фазои ягонаи китобдории ҷаҳони муосир ворид мегардад. Ҳар як иқдоми амалӣ ва кашфиёти илмию эҷодӣ дар ин самт новобаста аз бартарию норасоӣ бояд аз ҷониби олимону мутахассисон мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирад. Зеро илми китобдории тоҷик бо қадамҳои нахустини хеш заминаи устувору боэътимоди воридшавиро ба доираи фароҳи афкору