Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Таърихи миллат дар китобҳои Пешвои миллат

Адабиёт пайвандгари тамаддунсози дунёи маънавиёт ба шумор рафта, фарҳанги миллату халқиятро ба ҳам пайванд месозад. Асрҳо мегузаранд, аммо асарҳои гаронмоя ва суханони бобаракати меҳрофарину меҳрпайванд боқӣ хоҳад монд. Осори арзишманди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари аҳамияти илмиву адабӣ ва таърихӣ, аз назари тарбияи ҷавонон низ пурарзиш маҳсуб мешавад.

Ҷаҳоншиносии таърихӣ ва миллии мардуми тоҷик, ки ҷанбаҳои аслӣ ва бунёдгузори он дар мақолот ва китобҳои Сарвари давлат муфассал баррасӣ шуда, ба консепсияи муназ­заму мукаммал мубаддал гардид, фазои фикрӣ ва маънавии ҷомеаро бо ғояҳои ҳаётбахши миллӣ ва арзишҳои умумибашарии онҳо шодоб намуд. Манзури мо ташаккули ҷаҳоншиносии миллӣ, бунёди низому ниҳодҳои сиёсӣ ва мафкуравие мебошад, ки пайваста бо истеҳкоми рукнҳои давлат­дорӣ дар холигоҳи ғоявии ҷамъият таҳкурсии кохи мўҳташами маънавиёт, фарҳанг ва тамаддуни миллиро таҷдид намуданд. Гузашта аз тадбирҳои дома­надори давлатӣ китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Аз Ориён то Сомониён», «Тоҷикон дар оинаи таъ­рих»-ро зикр кардан лозим аст, ки сайри таҳаввули ду давраи дурахши ҷаҳонии тамаддуни тоҷиконро дар даврони бостон ва аср­ҳои миёна бар асоси мадорики тоза, бозандешии матолиби куҳан ва нати­ҷагириҳои нав дар сатҳи баланди илмӣ ва сиёсӣ дар маърази пажў­ҳишҳои амиқ қарор додааст.

Китобҳои «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ( борат  аз 11 ҷилд), «Тоҷикистон: дар роҳи демократия ва ҷомеаи мутамаддин», “Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ» ( иборат аз се ҷилд), «Маориф омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат аст», «Рушди маориф: асоси таҳкими аркони давлат»,  «Забони миллат, ҳастии  миллат»  ва ғайра заҳмату кўшишҳои Пешвои миллат асосгузори сулҳу ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти сулҳу осоиштагии Тоҷикистон равона гардидааст.

Ин аст, ки Пре­зидент Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар чун пешвои ормонии миллӣ маҳбубияти азим пайдо кард ва ҳам дар миқёси байналмилалӣ ба ҳайси пешвои воқеии тоҷикон ва ҳомии нангу номуси миллат эътибори бузурге ба даст овард. Омўзиш ва таҳқиқи корномаҳои ҳаётбахш ва ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки оинаи зиндагӣ ва таърихи чандинсолаи Тоҷикистон аст, дар китобҳои «Пайвандгар», «Фархундапай», «Бунёдкор», «7 - соли Эмомалӣ Раҳмон», «Маориф­парвар», «Эмомалӣ Раҳмон ва соли Рўдакӣ», «Эмомалӣ Раҳмон оғози марҳилаи нав», «Эмомалӣ Раҳмон: соли маориф ва фарҳанги техникӣ», «Эмомалӣ Раҳмон поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ», «Эмомалӣ Раҳмон ва соли фарҳанги оламгир», «Эмомалӣ Раҳмон ва оғози марҳилаи созандагӣ», «Ваҳдатовар», Наҷотбахши миллат» ва ғайра инъикос гардидааст.

Ҳамаи ин китобҳоро, шумо хонандаҳои азиз метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.  

Валиев Ҷамил – Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Барчаспҳо: