Мактуби кушода ба рафиқ Тоҷиев. Номаи устод Садриддин Айнӣ ба профессор Додоҷон Тоҷиев
Нашр шуд 2021-03-16 11:48
Мақолаи Шуморо дар газетаи «Коммунист Таджикистана « (чоршанбе 9 январи соли 1952, № 7(1657) дар бораи танқиди луғати русӣ-тоҷикӣ хондам. Мақола аз ҷиҳати илмӣ-танқидӣ асосан пурра аст ва таланти баланди соҳиби худро ва инчунин дониши васеи ўро дар забони русӣ равшан нишон медиҳад.
Ман аз ҷиҳати бемориам наметавонистам, ки дар бораи мақолаи шумо фикри худро пурра баён намоям. Аммо баъзе камбудиҳои ин мақоларо, ки ба фаҳми ман, агар шумо ба назари диққат гиред, дар оянда ба шумо фоидаи калон хоҳад расонид, ба таври мисол нишон додан мехоҳад. Ин камбудиҳо асосан дар маҳдуд мондани муаллифи мақола аст ба он материалҳое, ки то ҳол аз забони тоҷикӣ омўхтааст. Ва ман боварӣ дорам, ки бо зудтар омўхтани забони классикӣ ва халқии тоҷик ин камбудиҳо барҳам мехўранд. Масалан, шумо калимаи «мунофиқ»-ро сухани арабии аз забон афтода ҳисоб мекунед ва ҳол он ки ин калима дар ҳамон маъние, ки дар луғат зикр шудааст, дар байни оммаи мардум чунон машҳур аст, ки ҳатто арабӣ будани вайро ҳеч кас ҳис намекунад. Бинобар ин, ба фаҳми ман, ин гуна калимаи машҳурро аз фоидаи асосии луғати забони тоҷикӣ бароварда ҳаво додан мумкин нест: дар маънии калимаи «климат» шумо дар қатори «обу ҳаво», «боду ҳаво»-ро зиёда кардаед ва ҳол он ки боду ҳаво дар забони тоҷикӣ ҳавои беморидорро нишон медиҳад. Вақте ки дар як забон як калима ба як маънӣ хос шавад, ба маънии дигар ба ҳеч асос кўчондан мумкин нест. Ҳарчанд дар матбуоти ҳозираи тоҷик ин калимаро ба маънии «климат» кор фармоянд ҳам, ин бораи забоншинос асос шуда наметавонад: «мазраа», «сарфу наҳв», «матбаҳ» ҳарчанд ингуна калимаҳо дар забони ҳозираи адабӣ кам кор фармуда шаванд ҳам, дар адабиёти классикӣ бисёр вомехўранд, ба хонандагони адабиёти классикӣ ва тарҷумакунандагони онҳо ёрӣ додан ҳам ба вазифаи луғат медарояд: «дандон доштан» дар забони тоҷикӣ «кина доштан» - ро ифода мекунад. То ҳол ягон касро ба сабаби дндони чизхурӣ доштанаш «дандон дорад» нагуфтаанд. Аммо агар ба сабаби беморӣ ё пирӣ касе дандон надошта бошад, ўро бедандон мегўянд. Ин калима дар хусуси «кина доштан» чунон машҳур аст, ки ба ифодаҳои гуногун корфармуда мешавад. Масалан, ду кас ба якдигар кина дошта бошанд, «фалонӣ ба фалонӣ дандонбар» мегўянд. Ана ин гуна калимаро «тарҷимаи ҳарф ба ҳарф» гуфтани шумо нодуруст аст. Ин гуна тасодуф бисёр кам воқеъ мешавад, ки як калима дар ду забон айнан ба як маънии маҷозӣ кор фармуда шавад. Ин тасодуфи бисёр хуб аст.
Бо саломи рафиқона: Айнӣ
7 феврали соли 1952 ш. Самарқанд.
(Садриддин Айнӣ ҷилд
китоби дувум: Нашриёти «Ирфон»
Душанбе, 1964,саҳ 385-386)
Аз китоби “Инсони комил ва олими фозил”.
Таҳияи Шарофат Мирзоева
Мактуби кушода ба рафиқ Тоҷиев. Номаи устод Садриддин Айнӣ ба профессор Додоҷон Тоҷиев