Ояндасозони миллат. Саҳми ҷавонони Китобхонаи миллӣ дар пешбурди корҳои фарҳангӣ
Мо бояд наврасону ҷавононро дар рӯҳияи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, қонунияту тартибот ва риояи ҳатмии талаботи қонун тарбия кунем, онҳоро аз таъсири харобиовари падидаҳои номатлуби замони муосир, аз қабили ифротгароӣ, нашъамандӣ ва умуман, ҳама гуна ҷинояткорӣ эмин нигоҳ дорем ва тарзи ҳаёти солимро дар байни онҳо ҳарчи бештар тарғибу ташвиқ намоем.
Эмомалӣ Раҳмон
Воқеан, ҷомеаи солим ҳаёти солимро тавлид месозад ва ҳаёти солим миллатро аз нестшавӣ ва парокандагӣ нигоҳ медорад. Ҷавонон бошанд, дар ҳар ҷомеа ва кишваре пояи устувор, қисми серҳаракат мебошанд. Чун маълум аст, ки дар ҷодаи инқилоб сиёсати ҷавонон нисбати дигарон, ҳамеша дар ҳаракат ва ҷунбиш қарор мегиранд. Агар ҳаракати созандагӣ ё ҳаракати фарҳангӣ бошад, боз ҷавонон фаъолтару пештар ва дасти онҳо омодатар аз дигарон аст.
Дар кишварҳое, ки ҷавонон кам ҳастанд барои баррасӣ ва таҳияи барномаҳои хеш, ҳамчунин амалӣ сохтани баъзе аз сиёсатҳо дучори камбудиҳо мегарданд. Дар илму технология ва тараққиёти бардавом, корашон ланг аст. Дар ин сурат маҷбур мешаванд то аз кишварҳои дигар барои тарҳрезӣ, амалисозӣ ва бароварда кардани орзуҳои худ ҷавононро ҷалб созанд.
Хушбахтона, дар кишвари рў ба пешрафти мо, ин қишри ҷомеа аксари бошандагонро ташкил медиҳанд ва ин боис ба хушнудиву хурсандист. Вале барои маърифаткунонӣ, тарбия ва фарҳангӣ кардани ин қишр танҳо ҳисоб ва шумори ҷавононро ба назар гирифтан кифоя нест. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки кишварҳо ба он хотирдучори моҷаро мегардаднд, ки ин қишр, яъне ҷавонон маърифатнок набуданд ва онҳоро аз руйи ин истифода карда, ба майдонҳои хеле пурҷўш кашиданд - давлатро, миллатро, ватанро ба нестӣ ва ё алангаи оташ гирифтор карданд. Мусаллам аст, ки таваҷҷўҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ имрўз ба ҷавонон якмаром аст. Дар маркази диққати тамоми аз кишварҳо ин тоифаи ҷомеа танҳо ба хотири давомдиҳандаи насли минбаъда, фарҳангу тамаддун, асолати милливу ҳуввияти миллӣ мебошад. Воқеан ҳам чунин аст. Аз ин нуқтаи назар метавон ҷомеаи кунунии Тоҷикистони мо, кишвари азизамонро мисол овард. Дар ҷомеае,ки тахминан 60 фисади аҳолиаш ё зиёда аз ин ҷавононанд, албатта, таъсири ин қишр хеле бонуфуз ва калидӣ хоҳад буд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромад ва суханрониҳои хеш ҳамеша аз ин қишр ёдовар мешаванд. Дар тамоми паёмҳои худ ҷавоноро калиди дарҳои баста ва рўшангарӣ ояндаи хурраму хушбахтии ватану давлат ва ҷомеа унвон мекунанд.
Бесабаб набуду нест, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон соли 2017 соли ҷавонон эълон гардид. Ин бешубҳа ба он созгор аст, ки пешвои муаззами миллат ба ин қишр таваҷҷуҳи хеле самимӣ доранд. Дар ин росто бо дастуру супоришҳо ва барномаҳои мукаммали давлатӣ баҳри солимгардонии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба касбомўзиву донишандўзӣ, забономўзиву забондонӣ ҷониби Ҳукумати мамлакат ва бевосита Президенти кишвар ангўшт гузошта шудааст. Соли 2017 эълон гардидани соли ҷавонон ин боз такондиҳандаи пешравиву пешсафии ҷавонон дар ҷомеаи маданӣ ва рў ба пешрафт ниҳодани Тоҷикситонро нишон дод ва ин амали хирадмандона буд.
Хуб, маълум аст Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун макони фарҳангу маърифат дар маърифаткунонии ҷомеа масъулияти хеле баландеро соҳиб аст. Ва ин вазифаро имрўзҳо ҷавонони пуркору бомасъулият ва шуҷову ватандўсти миллат дар ин муқаддасгоҳ ба сарбаландӣ иҷро менамоянд. Зимнан дар ин ниҳод аксаран ҷавонон фаъолият менамоянд, ки онҳо бо якдиливу муттаҳидӣ, худшиносиву худогоҳӣ, фаъолияти хешро пеш мебаранд ва ин хислат тавонистааст дар ҷодаи корӣ муваффақашон гардонад.
Замони пайвастан ба Китобхона фарди илмомўз аз муҳити ахлоқӣ ва фарҳангиву маърифатӣ будани он эҳсос мекунад, мебинад ва болидатару дилкушо мегардад.
Ҷавонони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар тамоми самтҳои фаъолияти он софдилона ва поквиҷдонона заҳмат мекашанд. Вақте ки кас чи тавр рўҳбаландона ва аз самими дил кор кардани онҳоро мебинад, қалбаш аз шодию фараҳ лабрез мегардад. Ҷавонони мо имрўзҳо бедории амиқи миллиро дарк кардаанд, ҳис намудаанд ва фаҳмидаанд - хизмат ба Ватан-модар, ин хизмат ба давлату миллати хеш аст, ки ин шарафи бузурги онҳост. Дар чеҳраи чунин ҷавонони баору номуси кишвар метавон ҷавонони Китобхонаи миллиро дид. Онҳо на танҳо кори ба зиммаашон бударо софдилона иҷро мекунанд, балки маҳорати баланди хизматрасониро ба хонандагон нишон медиҳанд, ба тамоми хонандаи Китобхона бо нуқтасанҷӣ муносибат менамоянд. Мекўшанд то вазифаи худро аз рўйи тамоми меъёрҳои хизматрасонӣ иҷро намоянд, ба хонандаи азизу меҳрубони мо иттилои тоза ва китобҳои хонданӣ пешкаш гардонанд. Маҳз чунин ҷавонони бошуур ва масъулиятшинос ба тараққию пешрафти Тоҷикистони зебову азизамон, ҳамчунин ҷиҳати маърифаткунонии ҷомеаи ҷавонон мусоидат мекунанд
Фаъолии ҷавонони Китобхонаи миллии Тоҷикистон чун дигар фаъолияти онҳо, дар ВАО-и кишвар, ширкати онҳо дар конфронсу семинарҳои сатҳи Ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ низ ба назар мерасад. Ҷавонони эҷодкори ин боргоҳи муқаддас ҳамеша ҳимоя аз фарҳанги бою ғании кишвар намуда, мекўшанд силсиламақолаҳо дар ин мавзўъ пешниҳод намоянд, ки ин як роҳи хуби иттилорасонӣ ба хонанда мебошад. Дар ин замина сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамеша фаъол аст ва дасти ҷавонон дар ин бахш ҳам, ҳамеша омодаи кор аст. Дар ин бахш онҳо аз фаъолияти босамари соҳаи китобдорӣ, мавзўҳои гуногуни ҳаётан муҳими ҷомеа, мақолаҳо интишор менамоянд.
Вобаста ба ғамхории ҷавонон метавон гуфт, ки роҳбарияти Китобхонаи миллӣ барои иштироки ҷавонон дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳанги мамлакат, ҳамчунин барои пешбарӣ кардани онҳо барои курсиҳои роҳбарӣ чораҳои зарурӣ меандешанд. Ин масъалаҳо дар ҷаласаи умумии муассиса ва ҷаласаҳои дигари соҳа мунтазам ба нақша гирифта мешаванд. Таъкид ба маврид аст, ки айни замон дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон 80 дарсади роҳбарони шуъбаву бахшҳо ҷавононанд. Бояд гуфт, ки барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангиву илмӣ ва соҳавӣ, ҳамчунин иштироки фаъолона дар корҳои ободонӣ, ҷавонони Китобхонаи миллӣ пайваста бо ифтихорнома ва дигар имтиёзҳои роҳбарияти он ноил мегарданд. Ва ин аст, ки онҳо рўз аз рўз барои пешрафти фаъолияти худ ва саҳм доштан дар корҳои хеле муҳими ободонӣ камари ҳиммат мебанданд.
Дар самти ободиву гулгулшукуфоии шаҳри азизамон Душанбе, саҳми ҷавонони Китобхонаро ногуфта гузаштан кори одилона нахоҳад буд. Чун аз рўзи ифтитоҳи Китобхонаи миллӣ ва ба фаъолият шурўъ намудани ин боргоҳ, саҳни ҳавлии он ҳамеша ободу зебо ва сабзу хуррам нигоҳ дошта мешавад. Дар ин роҳ аз моҳҳои аввали соли ҷорӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори муассиса, профессор Мирализода Абдуссалом ҷавононро гирд оварда, саҳни ҳавлии онро бо дарахтони зебову диданӣ аз нав оро доданд.
Бо ин ҳама метавон гуфт, ки мо ҷавонони саодатманди ин кишвари азизу маҳбуби Тоҷикистон пайрави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои пешрафти Тоҷикистон, ободиву зебогии ин диёр, барои ҳимояи ҳар зарра хоки муқаддаси он камари ҳиммат мебандем
Кушиш мекунем, ки аз сиёсати давлатии ҷавонон,ки Ҳукумати кишвар пеш гузоштааст, ҳимоят карда, манфиатҳои давлату миллати хеш, арзишҳои инсондустии миллати тоҷик, дўстдории ин ватанро барои худ қарз дониста, намегузорем,ки пойи нохалафе сарҳади онро рахна созад.
Зафари Гулмурод,
муовини сардори
шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ.