Чопи китоб аз замони Бостон то ба имрӯз. ПАЙДОИШИ ХАТ

Хат дар натиҷаи ниёзмандӣ, алалхусус сурат гирифтани ташвишҳои рўзгордорӣ, хоҷагидорӣ,додугирифт, якдигарфаҳмӣ, робитаҳои одамон, қабилаҳо, давлатҳо ба вуҷуд омада, дар раванди инкишофёбии худ роҳи тўлониро тай намудааст. Одамони қадим дар ибтидои ин ҷидду ҷаҳдро аз сангчапартоӣ, гиреҳбандӣ, хатчаҳои мисли лиф ва баъдан сураткашӣ оғоз кардаанд. Ўсули сангчапартоӣ қисман ба тарзи ривоят омада бошад, рўзҳои мо байни баъзе зумраи одамон ба назар мерасад. Ҳеч кас аз ҷониби кӣ ва ба чӣ мақсад ба   вуҷуд овардани ин сангтўдаҳоро надидааст, вале дар ин бобат ба таври шифоҳӣ ривоятҳо мавҷуданд.

Дар соҳили дарёчаи Оби мазори Ховалинг панҷ сантўда  ба мушоҳида мерасад. Дутои ин сангтўдаҳо наздикии деҳаи Чуқурак воқеъ гардидааст, ки болои яке чордаҳ чуқурӣ, дигаре ҳашт чуқур мавҷуд аст. Сатҳи  сантўдаи деҳаи Доробии ҳамин ноҳия ба сад метр мерасад. Нисбати сангтўдаҳо ин тавр ривоятҳои ҷолибе арзи вуҷуд доранд. Гўё замоне соҳил туғён бардошта сангҳоро ба соҳил баровардааст ва баъд одамон сангҳоро аз селроҳа чида ҳар ҷо-ҳар ҷо ҷамъ кардаанд ва заминро барои хишт омода сохтаанд. Ривояти дигаре ҳаст, ки баъди анҷоми набард лашкари кадом яғмогар ба соҳили Оби-Мазор мерасад. Сарлашкар баъди набард хостааст, ки шумораи ҷанговарони боқимондаашро бифаҳмад. Ӯ амр кардааст, ки ҳар кас аз сангоба яктогӣ санг бигираду дар майдони канор ва ҷои таиншуда партоя. Бо ҳамин сарлашкар аз рўи тўдаи сангҳо сарбозони наҷотёфтаашро муайян кардааст. Ба ҳар ҳол сангтўдаҳои ноҳияи Ховалинг бесабаб  ҳам нестанд. Онҳо асрори ниҳонӣ доранд ва ба давраҳои қадим мансубанд.

То имрўз дар байни чўпонҳо (даҳмардаҳо) ҳисобе дида мешавад. Ин бештар дар маҳаллаҳои ноҳияи Панҷакент мушоҳида мешавад. Фарз мекунем, ки агар рамаи гўсфандон аз ҳазор сар иборат бошад, пас чўпон барои фаҳмидани ин саршумор даҳтогӣ санча мегирад. Барои гум накардани ҳисоб, мавриди ҳисобкунӣ, ба ҳар сар гўсфанд яктогӣ сангча мепартоянд.

Ривоятҳои мардумӣ мушоҳидаро андар хатчаҳои алифи танаи деворҳо дар маҳалоти кўҳпораи Тоҷикистон аз замонҳои  қадим то кунун анъанаи «Певоз» меномиданд. “Певоз» анъанаест дар байни занони ин ё он маҳал. Вай ростқавлӣ, ҳалолкорӣ покизакорӣ ва меҳнатдўстӣ нисбати як дигар боваринокиро ифода менамояд. Занони маҳаллаҳои кўҳпора, онҳое, ки соҳиби гову моли ҷўшон буданд, ба ин анъана шуда доштанд ва ҳар як саҳару бегоҳ шири ҷўшидаашонро ба навбатдор медоданд. Навбати ҳар иштирокчӣ то 10-15 рўз ва аз ин ҳам зиёд идома меёфт. Баъди анҷоми мўҳлат навбатдор зиёфату базм ташкил мекард ва пас навбвати «Певоз» ба дигар иштирокчӣ мегузашт. Додугирифти шир дар хурмаи махсуси сафолин бо чўбчаи нишондор,ки онро «пих» меномиданд, чен карда мешуд. Миқдори шири ҳар иштирокчии «Певоз» ҷои таиншудаи танаи девор бо хатчаҳои рост, яъне як-як ишора мешавад. Хатчаҳоро факат навбатдор ва шарикони ў мефаҳмиданд. Миқдори давомоти «Певоз» ҳар навбатдор шири гирифтаашро ба шарикон навбат ба навбат бар мегардонд ва соҳиби захираи равғани зарду қурут мегардид.

Одамони замони қадим рўи асбобу анҷомҳои суфта - сафолу  чўбдастҳо, девору пештоқҳо, сангу танаи ғорҳо, калфу қамарҳо бо тарзи сураткашӣ фикру зикри худро ифода кардаанд. Онҳо бо ин тарз оид ба  тағйирёбии шабу рўз, моҳу фаслҳои сол, олами набототу ҳайвонот ва парандагон, маъракаҳои расмӣ, юришҳо ва ғайра ривоятҳои аҷоибу гоиберо сабт менамуданд.

Муаллифи китоби «Таърихи коғаз» М.Т. Малкин дар ҷараёни таҳлилу таснифи таърихи коғаз ва пайдоиши хати пиктокрафӣ ва тасвирнигорӣ дахолат карда, андешаҳояшро чунин шарҳ додааст, ки «Дар яке аз минтақаҳои ИМА ғоре воқеъ гардидааст. Дар танаи вай нақшаҳои ғарибе сабт шудаанд. Нақшҳо ба юриши ҳиндуёни амрикоӣ мансубанд. Ҳар яке аз нақшҳо ба худ хос мазмуну маънои ҷолиб доранд. Солноманавис манзараро хеле фаҳмо ва дилкаш тасвир кардааст. Ӯ дар тасвири амалиёти ҳиндуён панҷ заврақ - ҳолати ҳаракат ва болои заврақҳо аломати панҷоҳу як хатчаи алиф - шумораи сарбозон, перомуни нақши се офтоб-се рўз идома ёфтани ҳарбу зарб, нақши уқоб-хосияти ҷасурӣ ва ниҳоят нақши сангпушт-барори  юриши ҳиндуёнро ифода кардааст».

Инҳо хатҳое мебошанд, ки бо зайли сураткашӣ ва баъдан онро хати пиктографӣ номидаан. Калимаи «пиктография» аз ду қисм иборат буда, ба ду забон хос аст. Маънои луғавии қисми аввал бо лафзи лотинӣ «пиктус»- тасвир, нафосат, ҷамил, рангкардашуда ва қимси дувум бо лафзи юнонӣ «графо»-нигоҳ доштан, навиштан мебошад.

Асрҳои гузашта ва даврони мо тадқиқотчиён бисёр мавзеҳои сабти хати пиктокрафиро тадқиқ кардаанд. Намунаҳои хати пиктокрафӣ дар Амрико, Арабистон, Чин, Австралия, Исландия, Скандинавия, Сибир, Арманистон, Осиёи Марказӣ аз ҷумла, тасвирҳои рўи сангҳо, саҳроҳои Саймолитоши Фарғона, соҳилҳои Зарафшон, Бадахшон Тоҷикистон ва ғайра ёфт шудаанд ва бархе аз ин тасвирот ба забонҳои скифу сарматҳо хос мебошад.

Хати пиктографӣ замони мо ҳам ба таври васеъ истифода мешавад. Намунаҳои ин хат дар тасвироти рассомон, кандакорон, наққошон, ки ба воқеоти ғариб, манзараҳои рўҳафзо бахшида шудаанд, намоён мегарданд. Тасвироти гузаргоҳи роҳҳои оҳан, автомобилгард, дарҳо, сутунҳои барқӣ ба мисли косахонаи сар, суратҳои зайли салиб омада, аз хатар эҳтиёткориро ифода менамоянд.

Хати пиктокрафӣ ба алифбо алоқа надорад. Мазмун, ривоятҳо ва забони вай ниҳон мебошад. Ба кадом воқеот хос будани тасвиротро бе хондану забондонӣ дарк кардан мумкин аст.

Дар мурури гузашти забон навъ, сохту сози хатҳо зиёд ихтироъ шудаанд ва ин хатҳо шакл ва шакл, ном ба ном ҷудо гардидаанд. Дар ин бобат дар «Эсиклопедияи советии тоҷик (X.7. -С.613-619) ва дигар манбаъҳо оид ба қисме аз ин хатҳо мисолҳои ҷолиб оварда шудаанд.         

Бознашр аз китоби Б.Аҳмадов ва Ҷ.Раҷабов “Мақоми китоб дар фаҳанги мардуми тоҷик”, Душанбе, 2016.

Таҳияи Шарофат Мирзоева, сармутахассиси шуъбаи

илмӣ ва тадқиқотӣ.