Тақвими соли 2021. Идомаи анъанаи солҳо дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2021-01-12 15:19
Соли нуҳум аст, ки он фақат ба забони тоҷикӣ таҳия шуда, соли 2015 дар номи он тағйирот ворид шуд, минбаъд он «Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номида мешавад. Ҳамоно доираи фарогирии матолиб васеъ гардида, аз ду қисм таркиб ёфтааст. Дар қисми аввал ахбори воқеаҳои соли 2021 ва дар қисми дуюм лавҳаҳои библиографӣ вобаста ба санаҳои мавлуди арбобони намоёни сиёсӣ, давлатӣ, адабӣ, илмию фарҳангӣ фароҳам омадааст. Зимнан дар қисмати аввали ахбори воқеаҳои соли 2021 намояндагони сиёсию давлатӣ, ҳизбию ҷамъиятӣ, Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ, Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ, генералҳо (ҳамаи навъҳои низомию маъмурӣ ва адлия) аз Тоҷикистон, ҳамчунин олимон (академикҳо ва аъзои вобастаи АИ Тоҷикистон, докторҳои илм, профессорон, номзадҳои илму дотсентон (бо унвони забоншинос, адабиётшинос, муаррих, файласуф ё олими соҳа муаррифӣ мешаванд), адибону журналистони ҷумҳурӣ, арбобони фарҳанг (актёрону коргардонҳои театру кино, радио ва телевизион, сарояндагон, мутрибон, оҳангсозон, рассомон, меъморон ва ғайра), ки санаҳои ҷашнӣ –50, 55, 60, 65, 70, 75, 80, 85, 90, 95, 100 – сола ва ғайра) доранд, номбар карда мешаванд. Инчунин зарур дониста шуд, ки намояндагони сиёсат, адабу фарҳанги ҳамзабон аз дигар мамолик, хоса Афғонистону Узбекистон, донишмандону муҳаққиқон ва нигорандагони хориҷӣ, ки ба пажўҳиши ҷабҳаҳои мухталифи ҳаёти Тоҷикистону мардуми он ва умуман таъриху тамаддуни форсизабонҳо шуғл варзидаанд, муаррифӣ шаванд, то ба ин васила миннатдории мардуми посихотирдорамон ба хидмати эшон зикр ёбад. Изофатан, ҷашнҳои байналмилалӣ, миллию соҳавии ҷумҳурӣ, идҳои хуҷастаи ниёгон, воқеаҳои ҷашнии сиёсию иҷтимоӣ, илмию адабӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба тақвим шомил шудаанд. Мавод тариқи зайл ҷобаҷо гардидааст: аввал ба тартиби алифбо ному насаби нафароне, ки дар Тоҷикистон зода шуда ё кору зиндагӣ доштаанд, оварда мешавад, ба думболи он ҳамзабонони бурунмарзӣ ва муҳаққиқону донишмандони хориҷӣ муаррифӣ мегарданд, воқеаҳои ҷашнии Тоҷикистон, ҷашнҳои миллӣ, соҳавӣ ва байналмилалӣ идомабахши онанд.
Дар гирдоварии мавод аз донишномаву қомусҳои касбию соҳавии дар ҷумҳурӣ интишорёфта, бойгонии муассисаҳои илмӣ, таълимӣ, фарҳангӣ, адабии Тоҷики-стон ва дигар манобеъ истифода шудааст.
Тақвим ба китобдорону дигар дастандаркорон, ки дар тарҳрезию созмондиҳӣ ва баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, илмӣ, адабию фарҳангӣ ва оммавӣ-маърифатӣ ҳиссагузоранд, мадад хоҳад расонд.
Шакли пурра ва электронии Тақвими соли 2021-ро ин ҷо мутолиа кунед: ТАҚВИМИ СОЛИ 2021