Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ (соли таваллудаш 1414, вафоташ 1492) мутаффакир, шоир ва донишманди бузурги садаи ХV ба ҳисоб меравад. Бештари асарҳои ў оид ба аҳлоқ, фалсафа, тасаввуф, тасфир, фиқҳ, сарфу наҳви забони арабӣ, арузу қофия, мусиқӣ, тарҷумаи ҳол ва ғайра навишта шудаанд. Асарҳои адабиаш аз назму наср иборат буда, ба шакли жанрҳои гуногунанд. Аз Абдурраҳмони Ҷомӣ ба замони мо девонҳои «Фотиҳат-уш-шубоб» (1479), «Воситат-ул-иқд» (1480), «Хотимат-ул-ҳаёт» (1492), асари насрии «Баҳористон» (1487), маснавиҳои ҳафтгонаи «Ҳафт авранг» ва дигар асарҳояш расидаанд. Соли 1970 шўъбаи дастхатҳои китобхонаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи
Таърихи башар чунин корнамоиву ҷонбозиҳои оммавии халқҳоро, ки дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон нишон дода буданд, ёд надорад.
*** *** ***
Мо имрўз ва минбаъд низ бо ифтихору сарфарозӣ иброз медорем, ки дар таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари фарзандони дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ва халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзишманд гузоштаанд.
Аз таърихи мусиқии халқи тоҷик саҳифаҳои дурахшонеро номбар намудан мумкин аст, ки дар лавҳи онҳо садои дили мардуми ин ё он ҳавзаи фарҳангӣ, ё худ ин ё он давру замон бо оҳангу таронаҳои дилнишин ва нолаҳои пур аз меҳру муҳаббат ба зиндагӣ, ғуссаҳои ошиқона, умедвориҳои ҷавонони ноком, орзуҳои азалии некбахтӣ таҷассум ёфтаанд. Ҳавзаҳои фарҳангӣ-мусиқии Дарвозу Кангурт, Ҳисору Рашт, Зарафшону Фарғона ва дигар манотиқи кишварамон қалб аз ҳама бо хислатҳои мулаввани суруду таронаҳояшон фарқ мекунанд.
Албатта, бояд комилан эътироф намуд, ки мусиқиро дар тӯли ҳазорсолаҳо маҳз халқ меофарад ва кули навоҳои Шашмақому