Охири ҳафтаи гузашта дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон маҳфили адабии «Ганҷи сухан» бо иштироки Шоири Халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким доир гардид.
Ӯ дар оғози сӯҳбаташ аз афзудани шавқу завқи китобхонии мардум пас аз эълон шудани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ибрози назар намуда, афзуд, ки дар озмун хонандагон на танҳо бо забонони тоҷикӣ, балки бо инглисиву русӣ китобҳои хондаашонро қисса мекарданд. Ин барои мо ифтихори бузург буд. Фикр мекунам, ки даъвати ман ҳам давоми озмуни «Фуруғ…» аст, зеро аз ҷониби шумо хоҳиш шудани вохӯрӣ бо нависандаи китоб аз он
Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имконияти омӯзиш ва пажӯҳиши нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» бештар гардид. Аз ин имкон ва фазо истифода намуда, муҳаққиқони соҳаҳои таъриху адабиёт ва матбуоти тоҷик Ⱪ. Расулиён, А. Набавӣ, П. Гулмуродзода, Н. Ковиёнӣ, Ⱪ. Шарифзода, М. Абдуллозода, Ш. Муллоев ва дигарон ба пажӯҳиши ҷанбаҳои гуногуни ин нашрия даст заданд. Тавассути пажӯҳишҳои ин муҳаққиқон дар фазои илмӣ ва фарҳангии тоҷик таассуроти нисбатан комил доир ба
Эҳтимол дигар касе мисли ў суруди ватандўстонаи «Республикаи ман»-ро бо чунин маҳорати баланд насарояд. Ўро устоди «Шашмақом» бо сабки белкантои итолиёвӣ меноманд. Сабки нотакрори сарояндаи нотакрор. Артисти Халқии СССР Аҳмад Бобоқулов, ки рӯзи 17 январ 90-сола шуд, дар ҳақиқат аз зумраи касоне буд, ки ҳар чизе сароид, дар зоти худ нотакрор буд. Ӯ на танҳо як сарояндаи мумтоз, балки муаллиму устоди