Китоб ганҷинаи бебаҳоест, ки инсон ба он дилбастагии амиқ дорад. Он таҷҷассумгари бурду бохтҳои зиндагӣ, сарвати ҷаҳони маънавӣ ва раҳнамоест, ки ҷомеаро аз ҷиҳати маънавию идрок неруманд сохта, баҳри дарёфти ормонҳои олии инсонӣ ёвару маслиҳатгари беғараз мебошад. Бунёди ҷомеаи мутамаддин бидуни китоб имконнопазир аст. Аз ин рў дар кишварҳои мутамаддин ба эҷоди китобу дастраси умум гардонидани он таваҷҷуҳи
Дастури библиографии мазкур бо мақсади танзиму феҳристбандӣ, омўзишу тарғиби осори адабӣ ва адабиёт оид ба Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўадулло Рўдакӣ ва Корманди хизматнишондодаи маданияти РСС Тоҷикистон Фазлиддин Муҳаммадиев аз ҷониби кормандони шуъбаи библиографияи миллӣ мураттибон Наргис Валиева, Бибикубрия Курбонова, пажўҳишгари библиографӣ ва ҷамъоварандаи мавод Баргигул Наботова, Зафар Ғолибов ва муҳаррир Гадобек Маҳмудов таҳия шудааст. Маҷмўа дар Нашриёти «ЭР-граф» бо теъдоди 100 нусха дар ҳаҷми 80 саҳифа аз чоп баромад. Дастур аз пешгуфтор, ду қисми асосӣ ва
Дар китоби дарсии «Мактаби омӯзишии най» муаллиф бори нахуст кушиш кардааст,ки дар илми мусиқишиносии тоҷик вижагиҳои омӯзиши сози найро бодарназардошти хусусиятҳои хоси таълиму тарбия дар мактабҳои мусиқии бачагона, мактабҳои миёнаи махсус ва олии мусиқӣ роҳандозӣ намоянд.
Омӯзгор бо истифода аз ин китоб бояд дар дили шогирд нисбат ба таълими сози най муҳаббати бепоёнро бедор сохта, роҳи дурусти омӯзиши онро талқин намоянд.
Китоби мазкур аз муқаддима, 3 қисм: маълумоти мухтасар
Дар муддати як соли сипаришуда шумори хонандагони Китобхонаи миллӣ 24 ҳазору 865 нафар афзудааст. Аксари хонандагони нав аъзошуда донишҷӯёни мактабҳои оливу миёнаи пойтахти кишвар ва навоҳии атрофи онанд. Бино ба омори дастрасшуда 1351 нафари онҳо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии
Дар маърузаи ҳисоботии раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон устод Низом Қосим романи "Саройи санг"-и Ато Мирхоҷа беҳтарин дастоварди насри панҷ соли тоҷик дониста шуд. Перомуни асари мазкур ду-се соли охир дар расонаҳои хабарӣ гуфтумонҳое ҳам сурат гирифтанд, ки аз пайдо гардидани асари тозаи хондание дар адабиëти муосири мо шаҳодат медиҳанд.
Дар муддати се соли ба нашр расидани романи мазкур дар бораи он адибону адабиëтшиносоне чун Саттор Турсун, Абдулҳамид Самадов, Гулназар, Шамсиддини Солеҳ, Ҳоким Қаландариëн, Суннатулло Ҷонбобоев, Сайфулло Маҳкамов,