«Ёдгори дил» маҷмўаи тозаи ашъори Ҳоҷиб аст иборат аз ғазал, мухаммас, маснавӣ ва ғайра. Чунон ки аз жанри шеърҳои маҷмўа бармеояд, муаллифи он дар ҳавои сухани чакомасароёни гузашта ва шеъру адаби форсии тоҷикӣ хома меронад ва чакидаҳои онро ҳамчун таровишҳои андешаю эҳсоси хеш ба мардум пешкаш мегардонад.
Оҳангу ҳавои сухани шоир майл ба сухани пирони маърифат, соликони роҳи ҳақиқат дорад. Дар шеъри ў нақшу таъсири шоирони суфӣ ва орифони раҳсипори мулоқоти Худоро ба хубӣ эҳсос намудан мумкин аст. Махсусан дар ғазалҳои Ҳоҷиб маънию мазмунҳои орифона хеле зиёданд. Шоир завқу салиқаи хешро дар атрофи
Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар тўли фаъолияти хеш барои ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва мавриди баррасӣ қарор додани нодиртарин ёдгориҳои хаттии миллати тоҷик, дастнависҳои илмию адабӣ, ки садсолаҳо умр доранд, саҳми муносиб гузоштааст. Маҳз бо саъю кўшиш ва таҳқиқотҳои пурарзиши ходимони фидоии Китобхона беҳтарин намунаҳои осори хаттӣ ҷамъоварӣ ва аз нав эҳё шуда, ба ҳайси муқаддастарин арзишҳои волои миллӣ барои шинохти воқеии таъриху
Шабакаи Интернет дар ҳоли яке аз муҳимтарин ва ғанотарин манобеи иттилоотӣ барои донишмандон ва дигар алоқамандон ба ҳисоб меравад. Нақши ин шабака, ба вижа дар ҳавзаҳои улум ва технология, ки дастраси сареъ ба иттилооти рўзомад аз иттилооти махсусе бархурдор аст, бисёр чашмгир ва ғайриқобили инкор аст.
Бунёд, коркард ва рушди Китобхонаҳои электронӣ (КЭ) аз назари таърихӣ чунин баррасӣ гардидааст:
- ибтидо, таҳаввул ва дигаргуншавии симои берунии китобхона ба унвони омили дастрасӣ ба технологияи компютерӣ ва иртибототӣ;