Activities calendar

07 января 2021

Китобномаи шарҳиҳолии Шоири халқии Тоҷикистон, марҳум Гулназар Келдӣ

Марги шоир фоҷиаест бузург, зеро марги шоир марги як ҷисму ҷони одӣ ва заминӣ нест; марги шоир марги истеъдод ва табъи худодод аст; марги шоир марги ишқ аст, марги муҳаббату самимият, марги зебоиҳо, орзуҳои ширин, марги ормонҳои бузурги инсонист. Устод Гулназар як сутуни мустаҳками адабиёти муосири мо, як дили пур, як ҳамроҳи баэътимоди ҷодаи суханварӣ дар канори мо буд, ки баъд аз ин, дареғо, ҷояш холӣ мемонад ва касе наметавонад онро пур кунад.н

Дастури мазкур аз ҷониби кормандони шуъбаи библиографияи миллӣ омода ва чоп шуд. Мураттибон Наргис

 

Тулӯи ситораҳои нав. Муҳовараи Муовини раиси Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Ҷумъахон Файзализода

​Ба эътирофи умум марҳилаи ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба тулӯи ситораҳои нав дар самои маонӣ табдил ёфт. Озмуне, ки бо ибтикори Пешвои фарҳанггуҳари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гашт, бори дигар ҳақиқати таърихиро собит намуд, ки

Аввалин маҷмӯаи шеърҳои Иззатманди Саломиён дар шаҳри Хуҷанд чоп шуд

Нашриёти "Ношир"- и шаҳри Хуҷанд нахустин маҷмӯаи шеърҳои шоир Иззатманд Саломиёнро таҳти унвони "Қафаси санг" бо сарсухани Шоири Халқии Тоҷикистон ФАРЗОНА чоп кард. Фарзона менависад: "Забони шеъри Иззатманд нобу шодобу мубаррову мусаффост, забонест, ки бо равоиши латифи калимоташ, бо каррашмаҳои зебои ҳуруфаш, бо зарбу зарабони хушсавти овозаш дилҳоро рўшаниву ромишу саодат мебахшад. Забони шеъри ў, ки ҳолу ҳавои мўҳташами осори ниёгонро ҳифз кардааст, басе имрўзиву кунунист:

Фақат ба суръати мижгон задан ба сурати ту,

Дар ин фазои маҷозӣ ниҳам ҳазорон лайк. 

Пешвои миллат ва рушди китобу китобдорӣ

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари пешрафти дигар соҳаҳои  ҳаёти ҷомеа барои рушди китобу китобдории миллӣ шароити воқеан мусоид фароҳам овард. Дар як мудати кўтоҳи таърихӣ ин соҳаи ҳаётан муҳимми иҷтимоӣ-фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Қабули як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва  барномаҳои