Шуъбаи хизматрасонии махсус
Шӯъбаи хизматрасонии махсус» моҳи апрели соли 2012 таъсис шудааст. Сафи хонандагони шуъба зиёда аз 310 нафар мебошанд. Инҳо донишҷӯёни мактабҳои олӣ, хонандагони литсей-интернатҳои касбии махсуси маъюбони шаҳр, мактаб-интернати нобиноёни ноҳияи Ҳисор, ҷамъияти маъюбони шаҳр, бошандагони маркази минтақавии хизматрасонӣ ба маъюбон ва нафақахӯрони хонашин мебошанд.
Дар ин шӯъба зиёда аз 582 -нусха китобҳои брайлӣ мавҷуд аст. Фонди шуъба зиёда аз 2505 нусха китобҳо бо забони тоҷикӣ ва русӣ дорад, ки бештари онҳо аз рўи талабот ва дархости хонандагон, китобҳои бадеӣ, русӣ ва соҳаи иқтисодӣ мебошанд.
Барои хонандагон шароитҳои хуб муҳаё карда шудааст, хизатрасонӣ бо воситаи аудио ва видеодискҳо, сабтҳои гӯё, интернет ва бурдани китобҳои дархостӣ ба хонаи маъюбон ва пиронсолон ба роҳ монда шудааст.
Дар шуъба 6 адад компютер мавҷуд аст, ки бо барномаи “Ҷовс” барои нобиноён таъмин мебошад. 3 адади ин компютерҳо бо шабакаи интернетӣ пайваст мебошанд.
Инчунин шӯъба бо иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, садамаи Чернобил, Ҷамъияти маъюбони “Имконият” ва Ҷамъияти нобиноёни ш.Душанбе ҳамкорӣ дорад. Дар ин шӯъба ҳар моҳ маҳфили «Равшандилон», «Зиндагӣ бидуни маҳдудият» ва «Китоб кони маърифат» гузаронида мешавад, ки дар он хонандагони доимии мо аз литсей-интернати касбии махсуси маъюбон, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, ҷамъияти нобиноён ва шавқмандоне, ки табъи шоирӣ доранд ва шеър менависанд, иштирок менамоянд.
Узвият дар шӯъба ройгон аст, яъне ба онҳо бепул хизмат расонда мешавад. Дар шуъба гӯшаи “Равшандилон” ва гӯшаи варзишгарони паралимпӣ мавҷуд аст.
Рӯйхати адабиёти мавҷудаи брайлӣ дар хазинаи Китобхонаи миллӣ