Кормандони муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтанд ба зарардидагони обхезиҳои Бадахшон маоши якрӯзаи кории худро гузаронанд.
Ин тасмим рӯи панҷшанбе дар як ҷаласаи Иттифоқи касабаи Китобхонаи миллӣ гирифта шуд. Касоне, ки суханронӣ мекарданд, аз ҳамбастагӣ бо офатзадагони селобҳои хунин ҳарф мезаданд ва билохира ба қароре омаданд, ки ихтиёрӣ музди якрӯзаи кории худро ба суратҳисоби кӯмак ба зарардидагон гузаронанд.