Маҳфили “Дастони моҳир” ва посух ба суоли “Кай аскарӣ меравам?
Нашр шуд 2021-02-24 11:20
Кӣ кай аскарӣ меравад? Баҳси Рӯзи Артиши миллӣ дар маҳфили “Дастони моҳир”-и Шуъбаи кӯдакон ва наврасон атрофи ҳамин суол баргузор шуд ва хонандагони наврас ҳар кадом талош мекарданд посух диҳанд, ки онҳо кай бояд хизмати аскарӣ кунанд.
Дар ин маҳфил бачаҳо дар бораи Ватан, Модар, Тоҷикистон, Артиши миллӣ, сарбози ҷонфидои Ватан ва ғайра шеърҳо хонданд. Дар бораи Рӯзи Артиш ва қарзи ҳар кас будани хизмат дар сафи артишро ёдоварӣ мекарданд.
Мураббиён дар ин пурсишу посухҳо илова ба маълумоти хонандагон дар бораи таърихи Артиши милли Тоҷикистон ва саҳми он дар таъмини амнияти кишвар, хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва ғайра нақл мекарданд. Аз нақли мураббиёни бачаҳо маълумоти тоза дастрас мекарданд ва ин баҳси Артиш дар маҳфилро гармтар менамуд.
Сипас, тибқи анъана ба ҳар иштирокчӣ имкон дода шуд тасаввури худро дар атрофи мавзӯъ дар шакли наққошӣ рӯи коғаз оранд. Дар натиҷа як силсила расмҳои хеле ҷолиб кашиданд. Дар ин наққошиҳо кас метавонад олами рангини тасаввури кӯдаконаро бубинад.
Маҳфили “Дастони моҳир” аз ҷониби Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ роҳандозӣ мешавад ва он ҳар моҳ як маротиба дар як мавзӯъи хос баргузор мешавад.
Бештари ин мавзӯъҳо тақвимӣ буда, ба ин ё он санаи муҳим бахшида мешаванд. Чуноне маҳфили ахир ба Рӯзи Артиши миллӣ бахшида шуда буд.
Раҳима Аъзам,
мутахассиси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳо.