Ин китоб ахиран дар чопхонаи “Хирадмандон” чоп шудааст ва муаллифи тарҷума Саидмурод Расулӣ буда, муҳаррири он Мубашшир Акбарзод аст. Муаллиф муқаддимаи китобашро “Ҷазираи чашмаҳо” номидааст ва дар он сабаби навишта шудани ин китобро ин гуна шарҳ додааст:
Ман ҳамчун оворагарди бехонумон дар баҳрҳои Ҳинди Ғарбӣ дар киштиҳо шино карда, тасодуфан ба халиҷи Монтего-Бей расидам. Рў ба рўям халиҷи бузурги нимдаврашакле доман паҳн карда, дар соҳилҳои он куҳҳои баланди ҷангалзор тўл кашида буданд. Дар домани ин куҳҳо шаҳр ҷойгир буд. Аз байни анбўҳи дарахтони сабзи хурмо, норҷил, лимў, тут, анҷир, буттаҳои харбузаи навдаҳояшон бо ҳам печида,
Ғазолии Ҳиравӣ шоири тоҷики асри 16. Дар зодгоҳаш таҳсили илм карда, ба камол расидааст. Дар шеър шогирди Ҳайдари Кулчапаз буд. Ба Ҳиндустон сафар карда, бо Ғазолии Машҳадӣ вохўрдааст. Бо ў дар хусуси тахаллуси «Ғазолӣ» карданашон мутоибаву баҳс мекардааст. Баҳс ба фоидаи Ғазолии Ҳиравӣ анҷом ёфтааст, чунки ў ин байти мақбулро гуфта, ғолиб омадааст:
Назар сўяш накардам в-аз гирифторӣ ҳазар кардам,
Вале худро гирифтори ту дидам, то назар кардам.
Аз намунаҳои боқимондаи ашъораш бармеояд, ки шоири