Китоби нав. Рид Томас Майн. Ғуломони Озод

Ин китоб ахиран дар чопхонаи “Хирадмандон” чоп шудааст ва муаллифи тарҷума Саидмурод Расулӣ буда, муҳаррири он Мубашшир Акбарзод аст. Муаллиф муқаддимаи китобашро “Ҷазираи чашмаҳо” номидааст ва дар он сабаби навишта шудани ин китобро ин гуна шарҳ додааст:

Ман ҳамчун оворагарди бехонумон дар баҳрҳои Ҳинди Ғарбӣ дар киштиҳо шино карда, тасодуфан ба халиҷи  Монтего-Бей расидам. Рў ба рўям халиҷи бузурги нимдаврашакле доман паҳн карда, дар соҳилҳои он куҳҳои баланди ҷангалзор тўл кашида буданд. Дар домани ин куҳҳо шаҳр ҷойгир буд. Аз байни анбўҳи дарахтони сабзи хурмо, норҷил, лимў, тут, анҷир, буттаҳои харбузаи навдаҳояшон бо ҳам печида, деворҳои сафед ва тирезаҳои чиғпардадори хонаҳои он медурахшиданд. Дар нишебиҳои кўҳ киштзори найшакар, қаҳва, оғилҳои фермаи чорводориро бе душворӣ дидан мумкин буд. Хонаҳои сокинони он зери чакалакзори дарахтони афлесун, дар байни буттазори занҷабили хушбўи ямайкаӣ воқеъ буданд. Ҳар хона аз пешу қафо айвонҳои болопўшида дошт.

Аз он манзара оромиву хомўшӣ ҳис карда мешуд ва шаҳрҳо ҳамчун як рустои орому осуда қабул кардан мумкин буд, агар сутунҳои баланди киштиҳои хатти уфуқи соҳилро убур карда, аз бандаргоҳ будани Монтего-Бей ишора намекарданд. Ин гуна сутунҳои чун шамъ рост аз бистто зиёд набуданд. Шумораи ками онҳо ва оромӣ дар ҷазира (он рўз сафинаи мо ягона киштие буд, ки ба оби баҳр ҷўяк кашид) ҳаргиз аз тараққиёти бандар гувоҳӣ намедоданд.

Агар панҷоҳ сол пеш ман ба ин ҷо меомадам, пеши назарам манзараи дигаре намудор мегардид. Садҳо киштиро медидам: бархе навакак ба бандар меомаданд, бархе дигар бодбонҳояшонро бардошта, барои ба баҳри кушод рафтан омода мешуданд: заврақу қайиқҳо чолокона шино намуда, ба бандар омада мерафтанд. Дар соҳил одами бисёр рафтуо мекард, хулоса, он фаъолияти пурҷўши хурўшеро медидам, ки онро одатан дар бандаргоҳҳои тараққикунанда дидан мумкин аст.

Он давраи дидани пуршиддате буд, ки дар дили халқ саъю талош баҳри озодӣ ба авҷи аъло расид, гўё пеш аз таркиши сахт дар танӯри вулқон шуълаи зиёде ҷамъ шудааст. Охиран, мардум баҳри озодӣ хест, то дар ҳар ду тарафи уқёнуси Атлантик ҳазорон завлонаро пора созад. Ба ҷуз ин, дар  Ямайка чун дар ҳама ҷо,  гуё он давраи тараққиёт буд. Дере  нагузашта ҷазира ба авҷи таррақиёт расид ва баъдан буҳрон ба амал омада, савдо рӯ ба таназзул ниҳод. Вале барои равнақ наёфтани савдое, ки моли асосиаш одам буд,  кӣ мотам гирифта мегиряд?  Воқеан, тамоми инсоният аз марги он шоду масрур шуд.

Баробари ба соҳил наздик шудани киштӣ мо акнун ашёи ҷудогонаро фарқ карда метавонистем. Манзараи пеши мо аёншуда торафт дилфиребтар мегардид. Одамону ҳайвоноте, ки дар соҳил ва саҳрои атроф буданд, либоси гуногунранги онҳо, ҷило додани рустаниҳои сабзи тропикӣ, мавзунқоматии дарахтони хурмову харбуза-ҳама манзараеро  бунёд намуда буданд, ки меарзид онро тасхиркунанда ном барем.

Лекин ман ба он дер нигоҳ накардам. Маро бештар қуллаҳои баланди нилобии хиратоби дур,  ки  суроби онҳо зери гунбази дурахшон намоён буд, ба худ  беҳад ҷалб намуд, ман медонистам, онҳо кӯҳҳои Трелонианд. На худи кӯҳҳо маро ҷалб менамуданд,  гарчи ба тарҳи бузурги ин намуди замин нигоҳ карданро дӯст медорам. Ман бештар ба Кордилерҳо (силсилакӯҳҳо), шавқу ҳавас доштам, барои он ки Кӯҳҳои Кабуди Ямайка маро тасхир карда тавонанд. Лекин онҳо ба як воқеае алоқаманданд, гарчи  он ба олам машҳур набошад ҳам, аз ин ҳаяҷон кам намешавад. Шавқи романтикии ин воқеа на камтар аз он аст, ки  ҳодисаи нобудшавии маъбадҳои Монтесума (1466-1520 пешвои қабилаи ҳиндувони астек. Дар вақти Мексикаро тассарруф кардани испаниҳо кушта шуд),  ва ё харобшавии қасрҳои инкҳои перугӣ (инкҳо-қабилаи ҳиндувоние, ки дар Перу (Амрикои Ҷанубӣ) зиндагӣ  мекарданд. Дар асри XVI онро испаниҳо тасарруф намуданд),  ба худ доранд. Ба фикри ман дар корномаҳои таърихии халқу нажодҳои Олами нав аз қиссаи ғуломони ямайкагӣ қиссаи ҷолибтару мафтункунандае нест.

Ҳар нафаре, ки озодиро дӯст медорад ва барои баробарҳуқуқии одамон талош маварзад, аз ҷавонмардии одамони сиёҳпӯсте, ки баҳри истиқлоли худ дар муддати дусад сол бо тамоми аҳолии сафедпӯстӣ  Ямайка мубориза бурданд ба ваҷд наомада наметавонад. Ба кӯҳҳои Трелони  назар карда, баногоҳ ман он «шикорчиёни хукҳои ваҳшӣ» -ро (ғуломони озодро чунин меномиданд), ки дар байни он баландиҳои дур барои  худ маъво  ёфтаанд, ба хотир овардам. Он ҷо қулбаҳои пинҳонии онҳо зери сояи дарахтони банан танба монда буданд. Дар замони осуда дар он ҷо модарони сиёҳпӯст зери дарахтони хурмо нишаста, сабқати писарони худро назорат мекарданд, ба онҳо ҳунари шикорчигии падаронашонро меомӯзониданд ва айни замон дар ҷангали дарахтони анбӯҳ ба шикори хукҳои ёбоӣ машғул мешуданд. Он ҷо ҳар бегоҳи сокит дар ҳавои гарм назди кулбаҳои хушманзара гурӯҳи сокинони хушҳоли он ҷамъ омада, суруди муборизони қабилаи короманти ё суруди хазини қабилаи эборо мешуниданд ва таҳти оҳанги ҷолиби гумбой ва мериванга, чун замоне дар Конго мерақсиданд. Ва ҳамон ҷо, вақте онҳоро ба ҷанг кардан маҷбур менамуданд, ғуломон корнамоиҳои диловарона нишон медоданд. Дар он кӯҳҳои пур аз ҷангал қалъаҳои хоси табии онҳо мавҷуд буданд. Гарчи  шумораи душман даҳ баробар зиёд буд, он қалъҳоро  ғуломон бо шуҷоату матонати бемисл ҳифз менамуданд. Ба ҳар роҳу роҳча хуни душмани мағлубшуда рехта буд, хоки ҳар дарае, ки дар он ҷавонмардон фидокорона пайкор намуданд, муқаддас гардид.

Фермопилро (номи гузаргоҳи кӯҳӣ дар Юнон, ки онро с.480 мелод дастаи спартанҳо ба Сарварии шоҳ Леонид аз артиши шоҳи форсҳо Ксеркс ҳифз  намуданд) ситоиш  нанамоед, Вилгелм Ҳел ва водии Грютлиро ба забони наоред ва лаҳзае хомӯш истода, ғуломони Ямайкаро гиромӣ доред.

Дар байни сиёҳпӯстони кӯҳистонӣ, ки дусад сол дар миёни кӯҳҳои кабуди Ямайка умр ба сар бурданд, қаҳрамононе ёфт мешаванд, ки чун қаҳрамонии Спарта ва Швейсария шарафи бузургро сазоворанд. Ба душманон муяссар нагардид ғуломонро шикаст диҳанд. Рӯҳи қавии онҳо мағлубияти  шармандаворро таҳаммул карда натавонист.

Боиси тааҷҷуб нест, ки ман ин халқи диловарро ба хотир наоварда натавонистам,  аз силсилакӯҳҳои Трелони қатъи назар намоям ва низ боиси тааҷҷуб нест, ҳамон лаҳза, ки бар сарзамини Ямайка пой ниҳодам, дарҳол сӯи кӯҳҳои кабуд роҳ пеш гирифтам.

Ба он ҷо на фақат ба он хотир рафтам, ки аз чашмаи ширини гузаштаи бузург бичашам,-мехостам муътақид гардам, ки дар он ҷойҳои муқаддас, ки корнамоиҳои диловарона нишон дода шудааст, магар наслҳои ин қабилаи далеру шуҷоъ боқӣ мондааст. Ман ноумед нашудам. Бовар мекардам дар кӯҳҳои Трелони ғуломонро фаромӯш накардаанд, гарчи онҳо баъд аз барҳам хӯрдани ғуломдорӣ бо дигар аҳолии сиёҳпӯсти ҷазира омехта шудаанд. Ман бо бисёр насли ғуломон вохӯрдам. Хушбахтона, ҳатто бо яке аз иштирокчиёни куҳансоли он воқеаҳои бузург- ғуломи асил, мӯйсафеди ҳафтодсолаи собиқадор, ки дар он солҳои дур бебоконаву ҷасурона мубориза бурдааст, аз наздик шинос гардидам.

Ба ҷуссаи ҳанӯз бузурги мӯйсафед назар карда, ба фидокориву корнамоиҳои ӯ бе душворӣ бовар намудам… «Бояд чунин мебуд,  замоне бинои муҳташаме буданд ин шикастапораҳо»- баногаҳ фикр кардам ман.

Баъзе ҳолатҳое, ки аз хусуси онҳо ин ҷо ҳарф задан зиёдатист, маро ба ин мӯйсафеди ғайриодӣ қарин намуданд ва ман меҳмони азизи кулбаи кӯҳии вай гардидам. Аз ӯ роҷеъ ба замони гузаштаи ду  баробар ба ҳаяҷон омадем. Ба ҷуз аз бисёр лаҳзаҳои ҷолиби аз ғуломи пир шунидаам, боз чандин тафсили воқеъаҳоро фаҳмидам, ки ҳоло ин ҷо пешкаш менамоям. Агар хонанда онро лоиқи диққат донад, аз ман бештар бояд  аз ғуломи иззатманд Квэко сипосгузор бошад.

Рӯнависии Файзидин урбонов, Сармутахассиси шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.