Рӯ ба илм. Ошноӣ бо ғазол. Оё он дар Тоҷикистон ҳам дида мешавад?
Нашр шуд 2021-02-25 16:24
Ғазол, ғизол, ҷирон, оҳу ҳайвони ваҳшии ҷуфтсум. Дарозии танаш 93-116 см, баландиаш (то сари дўш) 60-75 см, вазнаш 18-33 кг; модинааш нисбатан хурдтар аст. Ғазоли нарина шохи сиёҳи ҳалқа-ҳалқа (дарозиаш 30 см) дорад. Ғазоли модина бешох аст. Тахтапушт ва паҳлуҳояш зарди хокистарранг, гардан, шикам ва пойҳояш сафед, нўги думаш сиёҳ; рангаш дар фасли сармо равшантар мешавад.
Оҳубарраҳо дар байни «абру» ду холи ҷигарӣ ва аз чашм то гўшаҳои даҳон ду хатти сиёҳтоб доранд, ки бо гузашти солҳо нест мешаванд. Аъзои шомма, сомеа ва ломисаи ғазол хуб тараққӣ кардааст. Ғазол дар Эрон, Арманистон, Афғонистон, Покистон, Муғулистон, Чин, Озарбойҷон, Гурҷистон, Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, дучор меояд. Маҳалли сукунати он биёбону нимбиёбон ва ҷойҳои санглохи камнаботот аст.
Ғазолҳо гала-гала (3-10 сарӣ) мегарданд. Ғизои онҳо рустаниҳои хўшадор ва гиёҳу буттаҳост. Дар ҳар рўз 3-7 рўз як бор (шомгоҳон ё саҳари барвақт) ба масофаи 10-15 км обхўрӣ мераванд. Ғазоли нарина дар 18-19-моҳагӣ болиғ мегардад. Моҳҳои октябр-ноябр ҷуфт мешаванд. Давраи ҳамли ғазол 5,5 моҳ буда, 1-3 бача мезояд. Баҷаҳояшро рўзе 3-4 бор мемаконад. Ғазол дар шароити табиӣ 6-7 ва дар шароити сунъӣ то 9 сол умр мебинад.
Солҳои пеш ғазолро бисёр шикор мекарданд. Ибтидои солҳои 30 асри 20 ғазол дар нимбиёбон саргаҳи дарёи Ому, водии дарёҳои Панҷ, Вахш ва Кофарниҳон дучор меомад (40-50 сарӣ). Он дар водии дарёҳои Сир ва Зарафшон низ бисёр буд. Солҳои 40-ум маҳалли сукунати ғазол маҳдуд гашт, дар нимбиёбони Қашқадум, Кўрчалақум ва соҳили дарёи Сир камёфт шуд. Дар давоми 20-25 соли охир дар кўҳҳои Туюнтоғ, Оқтоғ, Бўритоғ, Тираклитоғ ахён-аҳён вомехўрад. Дар регзори Қашқадум ва Қародум, инчунин дар Тоҷикистони Шимолӣ ба ҳадди нестӣ расидааст.
Агар солҳои 1960-65 дар масоҳати қариб 18 ҳазор гектари мавзеъҳои дурдасти қаторкўҳҳои Қаратоғи Панҷ хамагӣ 20-25 сар ғазол мушоҳида шуда бошад, пас соли 1973 дар масоҳати наздики 40 км2 (дар қаторкўҳи Туюнтоғ) ягон сар ғазол вонахўрдааст.
Феълан дар мамнуъгоҳи «Полвонтўғай» ҷиҳати зиёд намудани саршумори ғазол тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Ҳоло дар он ҷо зиёда аз 50 сар ғазол мавҷуд аст (2014). Душмани асосии ғазол гург буда, оҳубаррааш туъмаи рўбоҳ, сагҳои дайду ва бургут мешавад. Ғазол ба Китоби сурхи байналмилалӣ (соли 2000) ва Китоби сурхи Тоҷикистон (1988, 2015) дохил карда шудааст.
Бозчон аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 25-26.
Муаллиф: А. Саидов.
Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.