Доктори илми фалсафа, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Абдусамад Самиев 22-юми апрели соли 1948 дар Ғаввосиёти ноҳияи Рашт таваллуд шудааст. Соли 1972 Университети давлатии Тоҷикистон ҳоло ДМТ-ро ба итмом расонда, дар шўбаи фалсафаи АИ Тоҷикистон фаъолияташро оғоз бахшид.
Солҳои 1973- 1978 коромўз ва аспиранти Иниститути фалсафаи АИ ИҶШС, 1978-1993 ходимӣ, ходимӣ калони илмӣ, сарходими илмӣ, мудири шўъбаи фалсафаи АИ Тоҷикистон,1993 2003 муовини вазири дифои Тоҷикистон, муовини сардори Колеҷи олии ҳарбӣ, сардори Маркази таҳқиқотии ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, 2003-2006 мушовири Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2006 сардори шўбаи амнияти иттилоотӣ, пешгўи ва робитаҳои байналмилалии Дастгоҳи Шўрои амнияти Тоҷикистон мебошад.
Ба масоили фалсафаи иҷтимоӣ ва илми муосир, методологияи назариявии шуури таърихӣ ҳамчун воситаи худшиносии инсону ҷомеа, шуури таърихӣ ва фарҳанги миллӣ, шуури мудофиавӣ, андешаи миллӣ чун категорияи фалсафаи иҷтимоӣ, ташаккули фарҳанги сиёсии ҷомеа ва ғайра таваҷҷўҳ намуда, дар осори илмӣ, илмӣ-оммавӣ ҷамъбаст кардааст. Дар омўзиш, таҳқиқ ва тарҷумаи мероси ғании ҳарбии ниёгонамон саҳм гирифтааст. Зери таҳрираш «Луғати истилоҳоти ҳарбии русӣ-тоҷикӣ» (2003) нашр гардида, барномаҳои нави таълимӣ, дастурамалҳои методӣ, китобҳои дарсӣ оид ба фалсафа, сиёсатшиносӣ, психология ва педагогикаи ҳарбӣ таҳия шудаанд.
Бозчоп аз «Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2018)». – Душанбе, 2017. – С. 187-188.
Мурраттиб: М.Сучонӣ Аз Абдусамад Самиев дар Китобхонаи милль ин маводщоро метавонед хонд:
Генезис и развитие исторического сознание. – Душанбе: Дониш, 1988. – 124 с.
Историческое сознание и развитие духовного мира человека. – Душанбе: Дониш, 1994. – 137 с.
Концепция иедеалогической и воспитательной работы в Вооруженных Силах Республики Таджикистан. – Душанбе: Ирфон, 1997. – 194 с.
Историческое сознание как самосознание общество. – Душанбе: Эҷод, 2009. – 146 с.
История и философия науки. – Душанбе: Дониш, 2014. – 223 с.
Амирбеков, М. Абдусамад Самиев // Фарзонафарзандони Рашт. – Душанбе, 2015. – С. 211-212.
Таҳияи Маҳбуба Амонова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ