Муҳсин Аминзода: шоир, рӯзноманигор, филмноманависи муваффақ

   Муҳсин Аминзода 10 марти соли 1954 дар шаҳри Хуҷанд, дар хонадони шоир ва тарҷумони маъруфи тоҷик Муҳиддин Аминзода, ба ҷаҳон омадааст. Соли 1968 мактаби ҳаштсолаи №1 шаҳри Хуҷандро хатм карда, таҳсилашро дар мактаби миёнаи №5 идома додааст. 

   Баъди хатми мактаби миёна дар Комбинати овозадори «Абрешим» ба фаъолияти меҳнатӣ пардохта, пайваста шеър ҳам офаридааст.

    Аслан, шавқи навиштани шеър дар дилаш аз овони мактабхонӣ ҷой гирифта, маслиҳатгари аввалинаш дар ҷодаи эҷод хоҳараш – шоираи маҳбуб Озод Аминзода будааст.

   Нахустин  шеъри ў «Муаллим» солҳои мактабхонияш дар рўзномаи вилоятии  «Ҳақиқати Ленинобод» чоп шудааст.

   Баъди панҷ соли кор дар комбинати мазкур, соли 1976, донишҷўи факултаи филологияи Институти давлатии педагогии Ленинобод шудааст ва таҳсил дар донишгоҳи олӣ ба фаъолияти эҷодии ў таъсири  мусбат расонидааст.

   Солҳои донишҷўйӣ дар курс – конфаронсҳои ҷумҳуриявии адибони ҷавон ширкат варзида, аз маслиҳату машварати устод Лоиқ, Бозор Собир, Сайидалӣ Маъмур, Камол Насрулло, Фарзона ва дигарон бархурдор гаштааст.

   Нахустин маҷмўаи ашъори ў «Чашма» соли 1989 ба чоп расидааст.

   Китоби дувуми ў «Сояи хаёл» соли 1998 интишор ёфтааст.

   «Занҷираи зарин» савумин китоби шеърҳои Муҳсин Аминзода мебошад, ки соли 2007 мунташир гардидааст.

    Китоби чоруми ашъорашро «Қаламам Ватан навишт» (2014) номгузорӣ кардааст, ки саршори андешаҳои миллату ватандўстии ўст.

    Аз соли 1981 дар Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Суғд фаъолият мебарад. Бештар бо таҳияи барномаҳои адабию фарҳангию ахлоқӣ ва филмҳои мустанад машғул аст.

    Барои офаридани панҷ филми мустанад дар бораи ҳаёт ва маҳсули эҷоди Аминҷон Шукуҳӣ, Боймуҳаммад Ниёзӣ, Муҳиддин Аминзода ва Озод Аминзода сазовори Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ гардидааст.

   Филми мустанади ў дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалилро дўстдорони адабиёт хуш пазируфтанд.

   Очеркҳои ў «Диловариёни Ёва» ва «Ў аввалин буд» аз қаҳрамонию шуҷоати зодагони деҳаи Ёва дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва маҳсули кору ҷустуҷўҳои пурсамари олими зардолушинос Аҳмадҷон Пўлодов нақл мекунанд.

   Аълочии фарҳанг, матбуот, телевизион ва радиои Тоҷикистон аст.

   Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Бозчоп аз “Адибони Тоҷикистон”. – Душанбе: Адиб, 2014. – С. 37 -38.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Муҳсин Аминзода метавонед бихонед:

Ба падарам: Шеър // Меҳри падар. – Душанбе, 1988. – С. 230.

Диловарони Ёва: Бахшида ба 60- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ. – Хуҷанд: Ношир, 2005. – 216 с. 

Занҷираи заррин: Шеърҳо. – Душанбе: Адиб, 2007. – 120 с.

Меҳри ту мекорам: Шеър // Ҳақиқати Ленинобод. – 1971. – 1 сентябр.

Ба модар; Ғазал: Шеърҳо // Ҳақиқати Ленинобод. – 1981. – 7 феврал.

Дубайтиҳо // Тоҷикистони советӣ. – 1981. – 22 март.

Алиев, Т. Дарди пинҳон: Шеър /Аз ўзбекӣ тарҷумаи Мўҳсин Аминзода // Ҳақиқати Ленинобод. – 1983. – 26 ноябр.

Ғазали дўстӣ; Деҳқон: Шеърҳо // Маданияти Тоҷикистон. – 1983. – 16 декабр.

Султонӣ, Т. Инъикоси ҳақиқати таърихӣ дар достони “Падарам шоир буд” – и Мўҳсини Аминзода // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 10 июл.

Таҳияи Фирӯза Восиева

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ