Activities calendar

14 марти 2019

Сорои саҳнаоро

   Соро Сабзалиева – ҳунарманди шинохта ба сини мубораки 65 қадам гузошт. Аз ҷумла ҳунармандони дӯстдоштанист. Даҳҳо нақши хотирмон дар саҳнаи театр ва синамо дорад. Дар чандин намошномаҳои телевизионӣ ва гуфторҳои ҳунарии радио нақшҳо офаридааст. Дар дубляжи филмҳо саҳм гирифтааст.

   Соро Сабзалиева 11 марти соли 1954 дар  шаҳри Хоруғи ВМКБ таваллуд ёфтааст. Актрисаи театру кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2009). Фориғуттаҳсили Институти давлатии умумииттифоқии кинематографистони шаҳри Маскав (1975) аст. Аз ҳамон сол инҷониб дар Театри давлатии академӣ - драмавии ба номи Лоҳутӣ ҳунар

Муҳсин Аминзода: шоир, рӯзноманигор, филмноманависи муваффақ

   Муҳсин Аминзода 10 марти соли 1954 дар шаҳри Хуҷанд, дар хонадони шоир ва тарҷумони маъруфи тоҷик Муҳиддин Аминзода, ба ҷаҳон омадааст. Соли 1968 мактаби ҳаштсолаи №1 шаҳри Хуҷандро хатм карда, таҳсилашро дар мактаби миёнаи №5 идома додааст.

    Баъди хатми мактаби миёна дар Комбинати овозадори «Абрешим» ба фаъолияти меҳнатӣ пардохта, пайваста шеър ҳам офаридааст.