Сорои саҳнаоро

   Соро Сабзалиева – ҳунарманди шинохта ба сини мубораки 65 қадам гузошт. Аз ҷумла ҳунармандони дӯстдоштанист. Даҳҳо нақши хотирмон дар саҳнаи театр ва синамо дорад. Дар чандин намошномаҳои телевизионӣ ва гуфторҳои ҳунарии радио нақшҳо офаридааст. Дар дубляжи филмҳо саҳм гирифтааст.

   Соро Сабзалиева 11 марти соли 1954 дар  шаҳри Хоруғи ВМКБ таваллуд ёфтааст. Актрисаи театру кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2009). Фориғуттаҳсили Институти давлатии умумииттифоқии кинематографистони шаҳри Маскав (1975) аст. Аз ҳамон сол инҷониб дар Театри давлатии академӣ - драмавии ба номи Лоҳутӣ ҳунар меозмояд.

   Дар саҳнаи театр беш аз панҷоҳ нақш офаридааст. «Дар дуроҳа», «Мардон намегирянд», «Дод аз дасти ақл», «Электра», «Ваҳшихонаи шишагин», «Муфаттиш», «Дон Жуан» барин спектаклҳо аз баракати ҳунараш муваффақияти бештар пайдо кардаанд.

    Бо кинои тоҷик ҳамкории зич дорад. Образҳои офаридааш дар филмҳои бадеии «Дугонаҳо», «Ҳафт домоди дуздидашуда», «Робита» (2 қисм), «Ҷинояткор ва сафедкунанда», «Асорат», «Чашмаи гўё», «Ҳодиса дар фурудгоҳ» (3 қисм), «Асрори нўҳ пайғамбар», «Ҷанҷолҳои хурди шаҳри калон», «Тирпарронии тақдир», «Модар дар канорам» (ҳамчун актриса ва коргардон) ва ғайраҳо дар хотири бинандагон хоҳанд монд.

   Дар саҳнаю намоишҳои зиёди телевизионӣ иштирок намуда, дар дубляжи филмҳо ба забони тоҷикӣ саҳм гирифтааст.

Дар бораи Соро Сабзалиева дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавонед суроғ кунед:

Раҷабов, Д. Нишони одамият: Аз фаъолияти   эҷодии ҳунарпешаи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ Соро Сабзалиева   // Адабиёт ва санъат. – 1987. – 14 май.

Нилуфар. Ҳусни ҳунар: Дар бораи ҳунарпешаи Театри ба номи А. Лоҳутӣ Соро Сабзалиева  // Адабиёт ва санъат. – 1990. – 29 ноябр.

Фармони Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон: Барои хизматҳои арзанда дар рушди фарҳанги миллӣ бо унвони «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» сарфароз гардидани ҳунарманди “Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ” Соро Сабзалиева // Тоҷикистон. – 2009. - № 9-10. – С. 13.

Раҳмонқулов, А. Соро саҳнаоро: Чанд пора аз фаъолияти саҳнавии Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соро Сабзалиева // Баҳори Аҷам. – 2009. – 20 март.

Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова

корманди шуъбаи библографияи миллӣ