Китоб ва китобхона: Мулоҳизаҳои ду хонанда
Нашр шуд 2018-06-07 13:29
Маъмулан дар арафаи имтиҳонҳои давлатӣ толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ пур аз хонанда мешаванд. Донишомӯзон ҳатто субҳи барвақт қабл аз он ки соати корӣ оғоз шавад, дар даромадгоҳ ҷамъ мешаванд. Бо оғоз ёфтани кори Китобхона хонандагон ба толорҳои орому сокити шуъбаҳои хизматрасонӣ, ки дорои шароити хуби замонавӣ мебошанд, ворид шуда, соатҳо саргарми мутолиа мешаванд ва ҳатто ҳастанд нафароне, ки баробари кормандони басти дуюм аз китобхонию Китобхонаи миллӣ фориғ мешаванд.
Гоҳо шумораи ташрифи хонандагон ба ҳадде мерасад, ки мизу курсиҳои толорҳои хониш камӣ мекунанд. Андешаҳои ду нафарро ин ҷо хонед:
Ҳусайнова Гавҳарбӣ- Китобхонаи миллӣ макони хуби мутолиа мебошад. Имрўзҳо ҳамагон барои аз барнамудани мавзўҳои имтиҳонӣ ба Китобхонаи миллӣ рў меоваранд. Макони сокит, муҳити илмӣ ва ҳамчунин низоме, ки дар ин боргоҳ мавҷуд аст, барои тамоми хонандагонаш манфиатовар аст. Аслан банда барои тайёри ба имтиҳонҳои давлатӣ ба Китобхона омадам, чунин муҳити илмомўзиро ман дар ягон ҷо намеёфтам, то ҳатто дар хонаи шахсии худ низ. Зеро ки мақсади ҳар як шахси дар хона буда гуногун мебошад, вале дар Китобхона ҳама ба як мақсад ташриф меоранд. Сипоси зиёд ба хизматрасонии баланди кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон.
Бурҳониддин Амонов – Пеш аз ҳама ба Китобхонаи миллӣ барои дарёфти тамоми маводҳои зарурии хеш меоям. Дар хобгоҳе ки ман айни ҳол истиқомат мекунам, китобхона вуҷуд дорад, аммо на ҳар вақт ман аз онҷо китоби зарурии худро пайдо карда метавонам. Дар Китобхонаи миллӣ бошад дарёфти ҳама гуна китоб ва ё мавзуъ ба кас осон ба даст меояд. Махсусан маводҳои тахассусӣ ва истифодаи он ба таври одӣ дастрас мегардад. Баробари ин ҳама хизматрасониҳо боз як нуқтаро низ бояд зикр намоям, ки Китобхонаи миллӣ дорои шароити замонавӣ аст, махсусан зимистон гарм асту тобистон аз гармӣ нафасгир намешавем. Толорҳо муҷаҳҳазанд. Дар ин фасли гармои сол, ки боз аксари донишомӯзон рӯзадор низ ҳастанд, толорҳои хониш бо ҳавои муътадил айни муддаост.
Абдуғаюр Саломов
Шуъбаи маркетинг
ва менеҷменти фаъолияти
китобдорӣ