Чоҳи беҳуда накан рўи раҳи Хайрандеш...
Нашр шуд 2021-02-11 17:07
Нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд ахиран китоби нави шоири маъруф Хайрандешро бо номи “Ҳамешабаҳор” (Китоби аввал) бо ҳуруфи крилӣ ва форсӣ аз чоп баровард. Ба назар мерасад муаллиф талош кардааст беҳтарин нигоштаҳои худ аз нимаи дуюми солҳои 80 асри гузашта то ба имрӯзро гулчин ва интишор диҳад. Хайрандеш бунёдгузори маҳфиле бо ҳамин ном аст, ки ҳоло иборат аз се қисмат ё се маҳфил бо номҳои “Ҳамешабаҳор”, “Равшандилон”, “Дунёи китоб” дар Китобхонаи миллӣ гардон мебошад.
Хайрандеш (Қурбонов Хайриддин Шарифович) 4 апрели соли 1961 дар деҳаи Чагами Болои ноияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ ноҳияи Шўрообод) дар оилаи омўзгор таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро то синфи нуҳум дар мактаби миёнаи рақами 30-и ноҳия Коммунистӣ (ҳоло Кўшониён) таҳсил намуда, онро соли 1977 хатм кардааст. Баъди хатми мактаби миёна як сол роҳбари маҳфили хониши адабии Хонаи пиёнерони шаҳри Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар) буд.
Соли 1978 ба факултаи филологияи тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда онро соли 1983 хатм намуда, то соли 1993 дар мактаби раками 40-и ноҳия Кўлоб омўзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик буд. Баъдан, то соли 1999 ба ҳайси нозири калони маркази иттилоотии раёсати гумруки вилояти Хатлон кор кардааст.
Ҳамзамон аз соли 1997 то соли 2006 вазифаи директори Гимназияи ибтидоии «Хайрандеш»-ро ба уҳда дошт, ки муассисаи гимназияи худи шоир Хайрандеш буд.
Солҳои 2001-2006 котиби масъули шуъбаи иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон буд.
Аз 1-уми июли соли 2006 то 31-уми майи соли 2007 вазифаи муовини сармуҳаррири нашрияи «Иқтисод ва Ҳаёт» -ро ба уҳда дошт.
Аз 10 июни соли 2007 то 2 феврали соли 2009 ба ҳайси роҳбари маҳфили «Оламафрўз»-и Маркази ҷумҳуриявии корҳои тарбиявии беруназмактабии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард.
Як муддат дар Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон ҳамчун мушовири кафедраи забонҳо адои вазифа кард.
Аз соли 2009 то соли 2011 корманди китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе буд.
Солҳои 2011-2012 сармуҳарририи нашрияи «Шарқи озод»-ро ба уҳда дошт. Аз 2-юми апрели соли 2012 то 1 августи соли 2012 ба ҳайси сармуттахассиси шуъбаи «Таҳрир ва интишорот»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Солҳои 2012-2014 сардори шуъбаи «Таҳрир ва интишорот»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон буд.
Солҳои 2014-2016 сармутахассиси шуъбаи Тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон буда, аз соли 2016 то ин дам сармуттахассиси шуъбаи маркетинг ва менеҷменти Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамзамон аз 4-уми январи соли 2016 то ин дам сармуҳаррири нашрияи «Пайрав»- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ ба уҳда дорад.
Аз 15- сентябри соли 1981 ҷамъияти адабиеро бо мақсади дастгирии навқаламон ва адибони ҷавон бо номи маҳфили Хайрандеш таъсис додааст, ки он дар шаҳрҳои Кўлоб ва Бохтар амал карда, фаъолияти ин маҳфил имрўзҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон идома дорад. Маҳфили Хайрандеш дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба се қисмат ҷудо мешавад: маҳфили «Ҳамешабаҳор», маҳфили «Равшандилон» ва маҳфили «Дунёи китоб».
Хайрандеш таъсисдиҳандаи Маркази тоҷикшиноси дар собиқ Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ҳаст, ки ин Марказ имрўз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ фаъолият дорад.
Шоир ба кишварҳои зиёд аз ҷумла Русия, Эрон, Афғонистон, Чин, Ҳиндустон ва Туркия сафар кардааст.
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз соли 1997.
Оиладор. Соҳиби се фарзанд: ду духтар, як писар ва набераҳо мебошад.
Ин ғазал аз ҳамин китоб аст:
Ҳар қадар фикр кунӣ, кори ҷаҳон бисёр аст,
Баду неке, ки зи сар мегузарад, даркор аст.
Дар сухан ой, ки мардум ҳама ҷо хомўшанд.
Бош хомўш, халоиқ ҳама дар гуфтор аст.
Ҳар чӣ душвор ба даст омад агар, осон шуд,
Ҳар чӣ осон бирасад, оқибаташ душвор аст.
Офарин бод бар он марди Худодод, ки ў
Шўх чун Саъдию монанди Самак айёр аст.
Мисли ў ҳеҷ дигар мард наёмад ба ҷаҳон,
Чашми мардони ҷаҳон дар раҳи Рустам чор аст.
Чоҳи беҳуда накан рўи раҳи Хайрандеш,
Дон, ки ҳам зираку ҳам оқилу ҳам ҳушёр аст.
Таҳияи Меҳриниссо Гадоева, мутахассиси шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.