14 феврал Рӯи ҷаҳонии эҳдои китоб. Оё шумо инро медонистед?
Нашр шуд 2017-02-14 16:00
Чӣ рӯзе хуше! Ҳамин тав не? Ё шумо зид ҳастед, ки ба наздиктарин дӯстатон як китоб туҳфа кунед?
Ҷомеаи байналмилалӣ танҳо соли 2012 ба ин натиҷа расид, ки рӯзеро ба эҳдои китоб ихтисос диҳад, то тамоми мардумони Сайёра як рӯзро сарфи ҳадяи китоб ба наздикону пайвандони худ кунанд. Чуноне мебинед, он нав аст, умри як панҷсола дорад. Вале аллакай дар ин бора менависанд ва дида мешавад, ки мардум дӯст доранд китоб ҳадя кунанд.
Ҳар иқдом таърихе дорад ва бояд ин рӯзи наҷиб ҳам таърихе дошта бошад. Мегӯянд аслан ин иқдоми поягузори сомонаи машҳури китоби кӯдак Delightful Children’s Books дар ИМА Эмми Бродмур буд. Аммо ғояи тақдими китоб ба писари кӯчаки Эмми мансуб будааст. Гӯё вай суол кардааст, ки чаро рӯзи вежае нест, ки одамон ба ҳамдигар китоб тақдим кунанд?
Баъди ин Эмми Бродмур аз тариқи шабакаи интернетӣ ба одамони гуногун дархости пуштибонии ин ташаббус равон кардааст ва бо гузашти ду сол ин ташаббус аз ҷониби одамони зиёде, ки ҳоло намешавад шумори дақиқи онҳоро донист, дастгирӣ ёфтааст.
Билохира, 14—уми февралро рӯзи ҷаҳонии эҳдои китоб эълон кардаанд ва инак, панҷ сол аст, ки дар ин рӯз инсонҳо ба ҳамдигар китоб туҳфа мекунанд ва шояд ин бебаҳотарин ҳадяи инсон ба инсон бошад.
Бо гузашти ин панҷ сол ҳоло ин рӯз дар кишварҳои пешрафтае чун ИМА, Британияи Кабир, Австралия, Канада, Африқои Ҷанубӣ, Фаронса, Русия, Олмон, Ҳинд, Ирландия, Ҷопон, Зелландияи Нав, Филиппин, Туркия, Сингапур, Бразилия, Миср, лаҳистон, Юнон, Португалия, Мексика, Македония, Маҷористон, Исроил, Чин, Булғористон ва чанд давлати дигар таҷлил мешавад.
Аммо дар Тоҷикистон аз ин рӯз шинохти чашмгире надоранд, шояд аз он аст, ки аз таҷлили он нав 5 сол сипарӣ мешавад ва то кунун дар ҷомеаи кишвар он чун ҷашнвора ворид нашудааст.
То зуҳри имрӯз барои фаҳмидани он ки дар Тоҷикистон ин рӯзро медонанд ва ё на бо ин ҷумлаҳо ба корбарони Фейсбук муроҷиат кардам: “Азизон, бо суоле мехостам ба Шумо муроҷиат кунам. Имрӯз, 14-уми феврал Рӯи ҷаҳонии эҳдои китоб будааст ва аз соли 2012 ба инҷониб таҷлил мешудааст. Шумо оё дар ин бора медонистед”?
Ва посух ғайриинтизор буд. Аксаран аз чунин рӯзе бехабар буданд. Барои рушантар тасаввур шудани тасаввуроти фейсбукиён чанд иқтибосро ин ҷо меорам:
Ҷони Сафарзода: Якум бор мешунавам
Абдукодир Рустам: Ман акнун фаҳмидам!
Safarbek Saleh: Дар ин маврид хеҷ қарори СММ нест. Ин ҷашнест, ки дар теъдоди зиёди кишварҳои пешрафта (КИТОБХОН) таҷлил мешавад.
Умед Сиддикшо: Имрӯз бохабар гардидам.
Шахриёр Олимӣ: Ҳоло фаҳмидам.
Диловар Вализода: Хар чи хам бошад аз рузи Валентин беҳтар аст.
Умед Ҷайҳонӣ: СММ бад рӯзеро барои ин иқдомаш интихоб кардааст. 14 феврал ҳама дар ғами валентинашон ҳастанд
Safarbek Saleh: СММ ба ин ҷашн рабте надорад.
Shamsiya Qasim: Шояд ба ин баҳона ба валентинҳошон китоб туҳфа кунанд.
Fakhriddin Kholbek: Бисёр иди хуб барои мо.
Киёмиддин Сатторӣ: Ба ҷойи иди Валентина бояд ҷашни ҳадяи китобро дар Тоҷикистон тарғиб ва ҷорӣ намудан лозим аст. Аққалан кӯдакон соҳиби китобчае мешаванд.
Ёрмахмад Ниёзов; Дуруст, ҳатман ин ҷашн бояд дар Тоҷикистон таҷлил шавад ва ҳамроҳи гул китоб низ тақдим шавад.
Абдукодир Талбаков: Шармаандаам, намедонистам.
Shahlo Eshonova: Рӯзи ошиқон буданашро медонистему...
Ҳуриннисо Ализода: Акнун дар ин рӯз ошиқи китоб мешавем.
Ин порае буд аз посухи фейсбукиён ба пурсиши банда.
Аммо Китобхонаи миллӣ ин рӯз, яъне Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китобро таҷлил кард. чанд лаҳза баъд иттилои бештаре дар ин бора пешкашатон мегардад.