Нависандаи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдулҳамид Самад 5-уми августи соли 2017 ба синни мубораки 70 қадам мегузорад.
Ҳаводорони ашъораш, хонандагони сершумораш ва аз дӯстону ҳамқаламонаш бояд ин рӯзро дар ёд дошта бошанд ва табрики адиби хушкаломро фаромӯш накунанд.
Абдулҳамид Самад зодаи ноҳияи Ховалинг буда, замоне ба арсаи адабиёти тоҷик қадам гузошт, ки насри тоҷик давраи ҷустуҷӯ ва таҳаввули тозаро аз сар мегузаронд.