Activities calendar

20 февраля 2017

Ду ғазал аз Мирзо Бедили Деҳлавӣ

Фарёд, ки дар олами таҳқиқ касе нест,
Як хонаи анқост, ки он ҷо магасе нест.

Бо ақл чӣ ҷӯшем, ки ҷуз ваҳм надорад,
Аз ишқ чӣ лофем, ки беш аз ҳавасе нест.

Гар дил битапад, ғайри нафас кист рафиқаш?
В-ар чашм парад, ҷуз мижа уммеди хасе нест.

Ҳайрат зи рафиқони сафаркарда чӣ ҷӯед,
Дидем, ки рафтанду  садои ҷарасе нест.

Даричаи ошноӣ: Мирзо Абдулқодири Бедил

Абдулқодир Бедил ё Бедили Диҳлавӣ шоир, нависанда ва файласуфи бузург Мирзо Абдулқодири Бедил шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад. Ӯ дар сарзамини Ҳиндустон чароғи илму адаби моро боз ҳам фурӯзонтар кард. Дар қарнҳои минбаъда ҳамзамононаш ба ӯ унвони фахрии Абулмаонӣ, яъне падари маъниҳоро муносиб диданд.

Мирзо Абдулқодири Бедил шоир, насрнавис, файласуф ва мутафаккири форсизабони