Китоби “Таърихи умумии дипломатия”, ки ба хонандагон пешниҳод карда шудааст, асосан дар бораи «таърихи умумии фаъолияти сиёсати байналхалқии давлатҳо» маълумот медиҳад. Ин китоб дар натиҷаи заҳмати бисёрсолаи як гурӯҳ муаллифон ба табъ расидааст. Мақсади асосии онҳо тавассути ин китоб ба ҷаҳониён нишон додани таҳаввулу ташаккули робитаҳои байналхалқии давраҳои гуногуни таърихӣ аз нуқтаи назари таҳлилӣ-муқоисавӣ мебошад.