Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии маъюбон дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2018-12-17 16:20
Чорабинии навбатии шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллӣ ба Рӯзи ҷаҳонии маъюбон бахшида шуда буд. Дар чорабинӣ Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Абдусалом Мирализода ширкат кард ва дар сухани ифтитоҳии худ ин рӯзро ба ҳамаи ҳозирин аз ҷумлаи хонандагони фаъоли толори хониши ин шуъба муборакбод кард.
Абдусалом Мирализода гуфт, ки “аз замони ба даст овардани Истиқлолият то имрӯз тамоми талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст”.
Директори Китобхонаи миллӣ дар бахши дигари суханрониаш иброз дошт: “Мақсади асосии таҷлили ин сана ба хотири бештар равона намудани диққати аҳли ҷомеа ба мушкилоти маъюбон, ҳифзи эътибор, ҳуқуқу муваффақиятҳои онҳо ва иштирокашон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад. Месазад, қайд намоем, ки дар Китобхонаи миллӣ барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти хонандагони дорои имконияти маҳдуд тамоми шароитҳо муҳаё карда шудааст. Ҳар моҳ бо дастгирии маъмурияти Китобхонаи миллӣ чорабиниҳои маърифатӣ ва барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки олимону адибон ва ҳунармандони варзида баргузор карда мешаванд”.
Дар чорабини мазкур Директори Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев, намояндаи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Хадича Сафиева, намояндаи Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Замира Самадова ва раиси ташкилоти ҷамъиятии маъюбони шаҳри Душанбе Фирӯз Ҳамроев ширкат ва суханронӣ карданд.
Қисмати дуюми чорабинӣ фарҳангӣ буд, дар он сарояндагон Ҷаъфари Ҷалол, Мадина Ақназарова ва Ҳуҷастаи Мирзовалӣ ва як нафар аъзои шуъбаи хизматрасонии махсус Мавзунҷони Ғафурзод, ки дунёро бо чашми дил мебинад, бо суруду таронаҳои дилнишни хеш хотири ҳозиринро шод гардониданд. Инчунин, дар рафти чорабинӣ ҳаҷвнигорони гурӯҳи “Буҷухан” бо саҳнаҳои ҷолиби хеш ҳунарнамоӣ намуда, табъи ҳамаро болида намуданд.
Бояд гуфт, намояндагони маҳфили “Эко плюс” ва ширкати “Олуча таксӣ 7000” барои ташкил ва баргузор намудани ин чорабинӣ саҳми хешро дареғ надоштанд.
Дар охир роҳбарияти Китобхона ва корманди Шуъбаи Қонуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ Сайид Аҳтам Фирдавс ба беш аз 80 нафар аъзои фаъоли шуъба тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд.
Ҳамзамон, аъзоёни фаъоли шуъбаи хизматрасонии махсус дар ошхонаи Китобхонаи миллӣ таоми ройгони нисфирӯзӣ хӯрданд.
Бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти шахсони имконияташон маҳдуд Ассамблияи генералии СММ соли 1992 3 декабрро ҳамчун Рӯзи байналмилалии маъюбон эълон намуд. Аз ин рӯ, ҳамасола дар тамоми дунё, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии маъюбон таҷлил мегардад. Бояд гуфт, ки ҳоло дар ҷаҳон беш аз як миллиард маъюбон ба қайд гирифта шудаанд, ки он 15 фоизи аҳолии рӯи Заминро ташкил медиҳад.
Маврид ба ёдоварист, ки дар назди Китобхонаи миллӣ аз соли 2012 шуъбаи махсуси хизматрасонӣони имконияташон маҳдуд амал мекунад. Сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат, ғамхории падарона ва таъкидҳои пайвастаашон ҷиҳати дастгирии ҳаматарафаи ҷомеа дастури фаъолият барои ин шуъба низ будааст.
Самтҳову вазифаҳои асосии фаъолияти шуъба омӯзишу таҳлили хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, ҷалби онҳо ба китобу китобхона, бунёди фонди электронӣ: китобҳои гӯё, мултимедӣ, такмили фонди шуъба бо адабиёти тозанашри махсус, бақайдгирии ройгони хонандагон, таҳлили дархости хонандагон, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, ҳамкорӣ бо ташкилоту ҷамъиятҳо ва ғайра мебошад.
Шуъба баргузори ҳар гуна маҳфилҳоро ҷиҳати ҷалби таваҷҷӯҳи хонандагонаш аз самтҳои муҳими фаъолияти худ қарор додааст. Ҳоло маҳфилҳои ҳамешагие бо номҳои “Равшандилон”, “Хандарез”, “Ганҷи сухан” амал мекунанд, ки фаъолтарин ширкаткунандагонаш хонандагон аз ҷумлаи афроди имконияташон маҳдуд аст.
Фарзонаи МИРЗО
Суратгир: Хусрави Милод