Activities calendar

03 декабря 2018

Раҳимқул Бобоев: Дўсти беҳтарини инсон ин китоб аст

Ангезаи ин мусоҳиба Ифтихорномаи Китобхонаи миллӣ ба Раҳимқул Бобоев чун беҳтарин хонанда буд, ки ахиран эъто гардид. Мавсуф аз ҷумлаи куҳансолтарин хонандагони Китобхонаи миллӣ аст, ки қариб ҳар рӯз дар толори Кормандони илм саргарми мутолиа ва пажӯҳиш аст.  Моҳи январи соли равон ба синни мубораки 80 қадам ниҳод. Ва 

 

Афсарону сарбозон дар Китобхонаи миллӣ


2 - юми декабри соли равон ҳайати сарбозону афсарони  қисми ҳарбии 0121-и қушунҳои сарҳадии  Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оваранд.  Сараввал, сарбозону афсарон аз мусаввараи таърихӣ, ки дар ошёнаи сеюми Китобхона ҷойгир аст, дидан намуданд. 

«Дар сўҳбати адиб» бо Маҷид Салим

Дар шўъбаи кўдакон ва наврасон маҳфили «Дар сўҳбати адиб» ин навбат бо адиби табиатшинос Маҷид Салим баргузор гардид. Хонандагони фаъоли шўъба бо ин адиби шинохта ва табиатнавис аз наздик шинос шуданд. Дар маҳфил муовини Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова иштирок дошт ва дар арсми ифтитоҳи он Маҷид Салимро ба хонандагон шинос кард. Салима  Раҷабова гуфт, ки чанде пештар дар Китобхонаи милли китоби нави адиб бо нои

ТАФРЕҲ. Жола Бадеъ: Парандаҳои муҳоҷир

Парандагони муҳоҷир дар ин ғуруби хамӯш,
Ки абри тира тан андохта ба қуллаи кӯҳ –
Шумо шитобзада роҳии куҷо ҳастед
Кашида пар ба уфуқ так-таку гурӯҳ-гурӯҳ?

Чӣ шуд, ки рӯй намудед бар диёри дигар?
Чӣ шуд, ки аз чамани ошно сафар кардед?
Магар чӣ дарду шиканҷе дар ошён дидед,
Ки азми дашту даманҳои дуртар кардед?